ИСТИҚЛОЛИЯТ НАХЛИ МИЛЛАТИ ТАМАДУНОФАРИ ТОҶИК АСТ.

Ёвон: Андеша  

Бунёди давлати соҳибистиқлол ва ё побарҷо нигоҳ доштани Истиқлолияти комили ватан ин кори осону саҳл нест, зеро барои аз даст рафтани Истиқолияти комили кишвар бадхоҳони миллат, хоса ҳамватанони мо, ки манфиатҳои шахсии хешро аз  имону инсоф ва истиқлолияту арзишҳои он боло гузошта, ҳазорон нафар xавонону наврасони кишварро ба гумрохӣ бурдаанду, хиёнати бузургро бар асолати аҷдодии хеш намуда, куллан мардуми Тоҷикистонро ба сарсониҳои хонумонсуз дучори нести намуданд, аммо ин афрод намеандешиданд, ки бар ин халқу миллат Худованд бо назари нек назар дораду ин миллат чандин ҳазорсолаҳо побарҷо буду ҳаст.

Дар воқеъ, оини давлату давлатдории тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо сахтиҳои  хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, баъд аз ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гардидааст. Миллати сарбаланди тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш истиқлолиятро борҳо бохтаву аз давлатдории аҷдодӣ барканор монда бошад ҳам, онро аз рўйи заковати фитрӣ ва хираду фарҳанги азалӣ бо талошу муборизаҳои ошкору ниҳон гашта ба даст овардааст. Маҳз рисолати истиқлолхоҳии фарҳангӣ тавонист, ки миллати борҳо аз истиқлолияту давлатдорӣ маҳрумгаштаи моро боз ба истиқлолияту соҳибдавлатӣ расонад.

Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддасест, ки Тоҷикистони маҳбуби моро дар ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва ягона муаррифӣ намуд. Арҷгузорӣ ба арзиши волои истиқлолияти давлатӣ гувоҳи равшани ҳувияти миллии халқи соҳибтамаддуни Тоҷикистон аст.

Дар давоми  солҳои соҳибистиқлолӣ давлат ва миллати мо рӯзҳои душвору пуртазод, равандҳои нави таърих, вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок ва вазнинро бурдборона паси сар намуда, бо симои хоси худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардид, ба бунёди рукнҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуд, ваҳдату ягонагии худро нигоҳ дошт ва устуворона дар роҳи пешрафту тараққиёт қадам гузошт.

Истиқлолият моро ба сӯйи асолати милливу ифтихори  ватандорӣ роҳнамоӣ карда, барои расидан ба рӯзгори ободу осуда ҳидоят менамояд ва аз ин нуқтаи назар, мо бояд шукри ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварда, баҳри таҳким бахшидан ба рукнҳои ин арзиши муқаддас нерӯ, ғайрат ва ҳиммати хешро дареғ надорем.

Моҳи сентябри соли 1991  ба мисли дигар санаҳои муқаддаси кишвар  дар саҳифаҳои таърихи  давлатдории тоҷикон бо қабул гардидани Истиқлолияти давлатӣ бо ҳарфҳои зарин дарҷ гардидааст. Истиқлолияти комили давлатиро  дар кишвар мо дар заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаем.

Дар ҳақиқат бо хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз мо – сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

Ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бемуҳобот дар ин самт  мактаби  сиёсии мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони  хориҷӣ, ки  мардуми кишварҳояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омӯзиш қарор гирифтааст. 

Воқеияти кунунӣ ин аст, ки биёед ба бетарифӣ хотима гузошта, бар зидди хурофоту таассуб ва ҷаҳолату мазҳамбозӣ фаъолият нишон диҳем, то тавонем ин сулҳу Ваҳдат ва ин Истиқлолияти комили давлатиро мисли  гавҳараки чашм нигоҳ дорем, зеро ки расидан ба қадри неъмат нематҳоро афзун мекунад.

Расулов Ғолиб-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон