БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ БАРОИ АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша чорабиниҳои таҳиянамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ санаи 7 сентябри соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон соати сиёсӣ дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр баргузор карда шуд. Ҳамзамон дар соати сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Раҳматуллоев Мақсуд, собиқ раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат Сафархолов Қутбиддин, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Файзализода Эмомалӣ, сарбозон, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр дар баромади хеш вобаста ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии ватани азизамон ва ҷалби ҷавонон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешарони намуданд. Инчунин таъкид карда шуд, ки ҷавонони мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои шомил нашаванд. Ҳамчунин Сафархолов Қутбиддин ба сухан баромада ҳозиринро ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод намуданд.