ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДОИР КАРДА ШУД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша чорабиниҳои таҳия намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар мувофиқа бо раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чорабиниҳои идона зери унвони “Шоми Истиқлол” доир карда мешавад. Ин навбат дар доираи нақшаи мазкур санаи 5 сентябри соли равон дар ҷамоати деҳои Даҳана чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдуллозода Саёҳат, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Расулов Ғолиб, раиси Ҷамоати деҳоти Даҳана Турахонов Олтибой, ва фаъолони ҷамоат иштирок намуданд. Сараввал раиси Ҷамоати деҳоти Даҳана Турахонов Олтибой ба сухан баромада меҳмононро хуш омадед намуда, сухани табрикотиро ба Абдуллозода Саёҳат доданд. Абдуллозода Саёҳат дар баромади хеш ҳозиринро ба фарорасии 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.