ОМОДАГИҲО БА ИСТИҚБОЛИ 35 -СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббус ва дастгирии ҷонибдорон ва аъзои ҲХДТ, соҳибкорону шахсони эҳсонкори маҳаллаи Оби Шифои ҷамоати деҳоти Норин роҳҳои миёни деҳа ободу азнавсозӣ гардида истодааст.

Ин навбат ташкилоти ибтидоии "Оби Шифо" дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" ба ҳашар баромада, зиёда аз 1,5 киллометр роҳҳои миёни деҳаро битонпӯш намуданд. Сокинони деҳа ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ иқдоми мазкурро ба ифтихори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд.