ОИНИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН-ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ.

Ёвон: Андеша  

Дар воқеъ, оини давлату давлатдории тоҷикон дар тўли ҳазорсолаҳо сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, баъд аз ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гардидааст. Миллати сарбаланди тоҷик дар тўли таърихи чандҳазорсолаи хеш истиқлолиятро борҳо бохтаву аз давлатдории аҷдодӣ барканор монда бошад ҳам, онро аз рўйи заковати фитрӣ ва хираду фарҳанги азалӣ бо талошу муборизаҳои ошкору ниҳон гашта ба даст овардааст. Маҳз рисолати истиқлолхоҳии фарҳангӣ тавонист, ки миллати борҳо аз истиқлолияту давлатдорӣ маҳрумгаштаи моро боз ба истиқлолияту соҳибдавлатӣ расонад.

Инак, имсол аз он санаи фархундае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт, 32- сол сипарӣ мегардад. Имрўзҳо мардуми саодатманди кишварамон барои ба таври сазовор истиқбол намудани  ин ҷашни муборакқадам дилгармона омодагӣ дида истодаанд.

Истиқлолияти давлатӣ  арзиши муқаддасест, ки Тоҷикистони маҳбуби моро дар ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва ягона муаррифӣ намуд. Арҷгузорӣ ба арзиши волои истиқлолияти давлатӣ гувоҳи равшани ҳувияти миллии халқи соҳибтамаддуни Тоҷикистон аст.

Дар давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ давлат ва миллати мо рўзҳои душвору пуртазод, равандҳои нави таърих, вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок ва вазнинро бурдборона паси сар намуда, бо симои хоси худ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид гардид, ба бунёди рукнҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуд, ваҳдату ягонагии худро нигоҳ дошт ва устуворона дар роҳи пешрафту тараққиёт қадам гузошт.

Имрўз шукрона мекунем, ки ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, ҳисси худшиносӣ, ватандўстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.

Бо шарофати истиқлолият ва сулҳу ваҳдат мардуми мо тавонист, ки нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориро амалӣ намуда, барои татбиқи ҳадафҳои бузурги созандагӣ камари ҳиммату мардонагӣ бубандад. Сохтмони садҳо километр роҳҳои оҳану мошингард, садҳо корхонаҳои истеҳсолии хурду бузург, нақбҳои азим, иншооти зиёди иҷтимоию фарҳангӣ, мактабу беморхонаҳо, рушди соҳаи энергетика, алалхусус, зина ба зина ба кор даромадани иншооти азими аср- Нерўгоҳи барқи обии Роғун аз ҷумлаи дастовардҳои беназири халқи мо дар замони соҳибистиқлолии кишварамон мебошанд.

Истиқлолият моро ба сўйи асолати милливу ифтихори  ватандорӣ роњнамоӣ карда, барои расидан ба рўзгори ободу осуда ҳидоят менамояд ва аз ин нуқтаи назар, мо бояд шукри ин неъмати бебаҳоро ба ҷо оварда, баҳри таҳким бахшидан ба рукнҳои ин арзиши муқаддас нерў, ғайрат ва ҳиммати хешро дареғ надорем. 

         Моҳи сентябри соли 1991  ба мисли дигар санаҳои муқаддаси кишвар  дар саҳифаҳои таърихи  давлатдории тоҷикон бо қабул гардидани Истиқлолияти давлатӣ бо ҳарфҳои зарин дарҷ гардидааст. Истиқлолияти комили давлатиро  дар кишвар мо дар заҳматҳои шабонарeзӣ ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаем.

         Дар яке аз ҳикматҳои юнонӣ омадааст, ки «Худоён ба яке истеъдод медиҳаду ба дигаре омади кор. Вале он касеро, ки  ҳам ин даст медиҳаду ҳам он, нафареро, ки нукўаҳволии инсонҳоро аз шахсияти хеш афзалтар медонад, иҷрои кори бузурге насиб мешавад ва ў абадӣ дар ёди халқи хеш мемонад».

Дар ҳақиқат бо хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси  таърихӣ сари кор омаду аз баракати мақдамаш неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад.

Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аст, ки имрўз мо – сокинони Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

         Академик В.О. Ключевский гуфтаст, ки «Яке аз нишонаҳои хоси халқи бузург қобилияти баъди афтодан бархостан аст. Ҳарчанд таҳқири дидааш гарон ҳам бошад, соате фаро мерасад, ки ў тавонашро баҳам оварда, дар симои як ё якчанд нафар мардони бузург амалӣ месозад ва он як ё якчанд нафар халқро ба роҳи рости таърихии муваққатан тарккардааш бармегардонад ».

         Воқеан, ақлу инсоф ва дилу нияти пок возеҳан шаҳодати медиҳад, ки  ҷониссориҳо, азхудгузаштанҳо ва фидокориҳои ин абармарди дунёи сиёсат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба хотири ба ҳам овардани  халқи парешонгашта, эъмори Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва баланд бардоштани  нуфузу эътибори  миллати тамаддунофари мо дар арсаи байналхалқӣ буду ҳаст.

         Арастуи бузург мегўяд, ки «Чизҳои маълум ба каме аз одамон маълуманд». Дар ҳақиқат мегўянд, ки агар шаҳомати кўҳро фаҳмидан бихоҳӣ, ба он наздик бишав. Хоксории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба ҳама маълум аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқи хеш аст ва робитааш бо сарзамини аҷдодӣ халалнопазир, боғами мамлакат ва мардуми худ мезиҳад ва бо фаъолияти бисёрҷабҳа имрўзу ояндаи онро муайян мекунад. Сифатҳои беҳтарини халқи тоҷик дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Ў ватандўстаст, далериву ҷасури дорад…

Имрўз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бемуҳобот дар ин самт  мактаби  сиёсии мўҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони  хориҷӣ, ки  мардуми кишварҳояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омўзиш қарор гирифтааст.

  Бошад, ки мо мардуми тоҷик ва Тоҷикистони имрўз як маром ва як мақсад дошта бошем. Мақсади пойдории сулҳу суббот ва ободии Тоҷикистон ба қадри он дастовардҳое, ки  бо заҳмату талошҳои  пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст оварда шудаанд, бирасем ва  кўшиш намоем, ки  бо нияти неку кори ҳалол Тоҷикистони маҳбубамонро нумўъ ва шукуфоӣ бахшем. Зеро Тоҷикистон хонаи умеди ҳамаи мост.

Бунёди давлати соҳибистиrлол ва ё побарxо нигоҳ доштани Истиқлолияти комили ватан ин кори осон ва саҳл нест, зеро барои аз даст рафтани Истиқлолияти комили кишвар бадхоҳони миллат, хоса ҳамватанони мо, ки манфиатҳои шахсии хешро аз  имону инсоф ва истиқлолияту арзишҳои он боло гузошта, ҳазорон нафар ҷавонону наврасони кишварро ба гумрохӣ бурдаанд.

Таъсиси созмони «Паймони мили Тоxикистон» дар арафаи xашни 27 солагии Истиқлолияти давлатӣ, ошуби намудан дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат бо қатл расонидани зиндонбонону зиндониён, қатли сайёҳони хориҷи дар ноҳияи Данғара, табодулоти ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Ваҳдат моҳи сентябри соли 2015, гирдиҳамоии пай дар пай дар Аврупо, пахши мунзами маводҳои иғвоангезона бар зидди миллат ва Ҳукумати кишвар ва ҳазорон ҳодисаҳои нангине, ки аз ҷониби аъзоён ва роҳбарияти ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ ба вуқуъ пайвастааст, ин шаҳодати нокомил ва аз байн бурдани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мебошад, хушбахтона нақшаҳои батхоҳони миллат ботил гардида, Истиқлолияти Ваҳдати Тоҷикистон комилтар гардид.

Воқеан, Ватан гаҳворест, ки мо дар оғуши гарми модаронааш бо ҳазор орзуву умед ба воя мерасем. Ватан сароғози ҳамаи ҳастӣ ва пушту паноҳи ҳар соҳибватан аст.

Месазад, ки дар ин ҷода мо соҳибватанон барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигирем. Дар ёд дошта бошем, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон  Тоҷикистонро имрўз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии  фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд.   Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва маротиби дуюм ҳамчун яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Воқеияти кунунӣ инаст, ки биёед ба бетарифӣ хотима гузошта, бар зидди хурофоту таассуб ва ҷаҳолату мазҳамбозӣ фаъолият нишон диҳем, то тавонем ин сулҳу Ваҳдат ва ин Истиқлолияти комили давлатиро мисли як гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Зиндаву ҷовид бод  он ном ва корнамоии  фарзанди асили    миллати тоҷик, абармарди дунёи сиёсат Эмомалӣ  Раҳмон. Поянда бод Истиқлолияти комили Тоҷикистони ҷавон!

        

          

 

Саёҳат Абдуллозода-узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон