ЧОРАБИНИИ ИДОНА ЗЕРИ УНВОНИ «ШОМИ ИСТИҚЛОЛ»

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша чорабиниҳои таҳия намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар мувофиқа бо раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чорабиниҳои идона зери унвони “Шоми Истиқлол” доир карда мешавад. Ин навбат дар доираи нақшаи мазкур санаи 5 сентябри соли равон дар Ҷамоати деҳои Обшорон чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавҳари Муҷибахон Одил ва Холбойзода Неъматулло Холбой ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматуллоев Мақсуд, муовини раиси Кумитаи Абдуллозода Саёҳат, мудири бахши фарҳанги ноҳи Шарифзода Рустам ва фаъолони ҷамоат иштирок намуданд. Сараввал раиси Ҷамоати деҳоти Обшорон Шарипов Хайриниссо  ба сухан баромад сухани табрикотиро ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллоев Мақсуд доданд. Раиси Кумита дар баромади хеш меҳмононро хуш омадед намуда, онҳо ва дар симои онҳо тамоми сокинони саодатманди ватани азизамонро ба фарорасии 32-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуданд.