ҲИСОБОТИ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар семоҳаи аввали соли 2022 ва вазифаҳои навбатӣ барои давраи оянда

Ёвон: Ҳисобот  

Боиси сарфарозист, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар дар фазои истиқлолияти  комил ва ваҳдату субот умр ба сар мебаранд.

Маҳз аз баракати чунин фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати сартосарист, ки мо ҳизбиён дар маҷлисҳои худ оид ба нақшаҳои созандаву амалҳои бунёдкорона ва ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон сухан карда истодаем.

Бинобар  ин, баргузории  ҷаласаи  имрӯзаи  ҳизбӣ  низ бори дигар ба мо масъулин ва фаъолони ҳизб имкон фароҳам меорад, ки самтҳои мухталифи ҳаёти  ҳизбиро  таҳлил, баррасӣ ва натиҷагирӣ  намуда, монеаҳои ҷойдоштаро бартараф ва вазифаҳоро барои минбаъда  муайяну мушаххас намоем.      

         Имрўз  ҳизбиён,  ҷонибдорон  ва  аҳли  заҳмати  ноҳияи Ёвон зери  таассуроти  неку  хотирмони  Паёми  навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва  дастуру  супоришҳое,  ки  фарогири  тамоми  паҳлуҳои  ҳаёту  зиндагии  мост,  фаъолият  намуда  истодаанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар семоҳаи аввали  соли 2022 фаъолиятро дар асоси дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии заминавӣ ва бо дарназардошти татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии ҳизб ба роҳ монд.

Ҳизбиёни ноҳияи Ёвон, ки ниҳоди созанда ва ташаббускор дар самти таблиғот ва иттилоот мебошанд, ҳамарӯза фаъолияти худро дар байни ҷомеа, дар ҳошияи татбиқи ҳадафҳо ва нишондиҳандаҳои барномавӣ равнақ дода истодааст. Ин матлаб на танҳо азми мо, балки тақозои аҳли ҷомеа ва ҳидояту дастурҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, то ин ки ҳар қадар тавонем дар муттаҳидӣ ва кумаки амалӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дастгири халқ бошем.

Аз ҷумла, таҳкими фаъолияти дохилиҳизбӣ, такмили низоми идоракунӣ, ташаккули низоми электронӣ ва ё рақамии фаъолият, таҳкими низоми узвият дар ҳизб, ташкили ниҳодҳои ёрирасон ва хоҷагидорӣ аз гурӯҳи масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли онҳо чораандешии фаврӣ тақозо доранд. Фаврияти ҳалли ин мушкилот ба он тақозо мегардад, ки онҳо асос ва ё таҳкурсии фаъолияти ҳизбро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи аввали соли 2022 ва вазифаҳо барои оянда маҳз ба ҳалли мушкилоти номгирифта равона мегардад.           

Чи тавре аз ҳисоботҳои оморӣ бармеояд дар ноҳияи Ёвон  ба 1-уми апрели соли равон 7232 нафар аъзои ҲХДТ дар 144 ташкилотҳои ибтидоӣ ба қайд гирита шудааст, ки давоми фаъолияти ҳисоботӣ 187 нафар ба ҳизб шомил гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  151 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра 19 нафар аъзои ҳизб баъди аз муҳоҷирати меҳнатӣ омадан ба қайд гирифта шуда, 11 нафар бо сабаби муҳоҷират ва иваз намудани макони кор ва истиқомат аз қайд бароварда шуда, 2 нафари аъзои ҳизб бо сабаби вафот хориҷ карда шудааст.  

Давоми фаъолияти ҳисоботї, кормандони масъули ҳизбӣ таваҷҷуҳи бешро ба фаъолияти тарғиботӣ равона карда, ба таҳкими асосҳои дохилиҳизбӣ ва ё такмили низоми ҳаракати ҳизб низ аҳамияти заруриро додаанд;

Риояи талаботи Оинномаи ҳизб вобаста ба иҷрои уҳдадории узвият аз ҷониби узви ҳизб ќисман таъмин карда шудааст.

Оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши маъмурияти ташкилотҳои ибтидоӣ давоми семоҳаи аввал 3 маротиба оид ба таҳкими аъзои ҳизб семинар-машваратҳои омӯзишӣ баргузор карда шуда, ба онҳо Роҳнамои ҳизбӣ дастрас гардид.

Ташкилотҳои ибтидоӣ асоси фаъолияти ҳизбро ташкил дода, фаъолнокии онҳо фаъолнокии ҳизб арзёбӣ мегардад. Имрӯз 3126 нафар аъзоёни ҲХДТ аз 47 ташкилотњои ибтидоии њизбї ҳар моҳа ҳаққи узвиятро партохт мекунанду 2521 нафар аъзоёни ҳизб аз 97 ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар назди деҳаву маҳаллаҳо  ҳастанд, њаќќи узвиятро пардохт намекунанд, ки дар ин самт зина ба зина дар сатҳи маҳал кор рафта истодааст.  Аз Шумораи 7232 нафар аъзоёни ҲХДТ 623 нафар донишҷӯён ва нафақахӯрону маъюбон аз пардохти ҳаққи узвият озод мебошанд.

Тибқи талаботи Оинномаи ҳизб ташкилоти ибтидоӣ бояд ҳар се моҳ маҷлиси умумӣ гузаронида, ҷиҳати пешбурди фаъолият қарорҳои дахлдор қабул намояд ин талабот аз ҷониби бештари ташкилотҳо иҷро мегардад, вале аз ҷониби баъзе аз ташкилотҳо амалӣ карда намешавад. Ташкилотҳои ибтидоии ноҳия ҳуҷҷатгузории худро тибқи роҳнамои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба роҳ намемонанд. То ҳол баъзе аз ташкилотҳои ибтидоии назди корхонаҳо бо ҳуҷраҳои махсуси ташкилот таъмин намебошад. Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ҳатто аз роҳбарони баъзе аз ташкилотҳои ибтидоӣ саривақт тоза карда нашуда, муҳр зада намешавад.

Дар ин росто, баҳри боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ  салоҳиятнокии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ бозбинӣ гардида, корҳои дастурдиҳӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониши ташкилию ҳуқуқии онҳо мунтазам гузаронида мешавад; баргузории ҷаласаҳои даврӣ, пешниҳоди протоколҳо ва ахбороти даврӣ аз ҷараёни фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ба кумитаҳои иҷроия пурра таъмин гардида истодааст.

Дар робита ба ин яке аз камбудиҳои институтсионалӣ, ки ба дар пешбурди фаъолияти корӣ боис мегардад, ин набудани ҷойи муайян ва ё утоқи корӣ барои фаъолияти муътадили ташкилотҳо дар деҳотҷойҳо ва назди ташкилоту муассисаҳо мебошад. Дар ин ҳошия то ба имрӯз дар назди 51 ташкилотҳои ибтидоӣ утоқҳои корӣ таъсис дода шудаст.

Мо дар ин самт фаъолиятро боз ҳам пурзур намуда, баҳри зиёд кардани аъзо ва такмили дониш ва малакаи идоракунии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, сохтмони утоқҳои кории раисони ташкилотҳо дар маҳаллаву деҳот чораҳои дахлдор амалӣ менамоем.   

Бахши тарғиботии фаъолият, ки аз маҷмӯи чорабиниҳои ташкилию оммавӣ таркиб ёфтаанд, мавриди татбиқи ҳамарӯза қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба такмили сатҳи донишу ихтисос ва малакаи кормандони ҳизбӣ 3 семинар-машваратҳо баргузор карда шуданд. Сабаби зиёд кардани шумори семинар-машваратҳо, асосан, ба паст будани сатҳи дониш ва малакаи корбарӣ асоснок мегардад. Мавзуъҳои семинарҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ бештар ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва ташкили корҳои тарғиботӣ равона гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба баланд бардоштани донишҳои сиёсии аъзои ҳизб ва кормандони ҳизбӣ 203 хонишҳо бо фарогирии 3460 нафар доир гардид. Ин намуди омӯзишҳо аслан дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб доир карда мешаванд.

Кор бо занону ҷавонон, танзими оила ва масъалаҳои гендерӣ ҳамчун самти муҳимми фаъолияти ҳизб доимо мавриди таваҷҷуҳи хосса дорад. Имрӯз дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахши кор бо занон ва ҷавонон амал мекунад. 46,3% аъзои ҳизбро дар ноҳия занону ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар мақомоти қонунгузор намояндагони занон-аъзои ҳизб:14 нафар (40%), ҷавонон 20 % вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон , 83 нафар (37%), ҷавонон 21 % вакили Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.

Баҳри дар амал татбиқ ва тарғиби ҳадафҳои созандаи Паёми нусратофарини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз ҳисоби занону бонувони фаъоли ҳизбӣ ва аъзоёни маҳфили “Волонтиёрон” ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” вакилони ҳизбӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва муассисаҳои таълимиву Коллеҷу литсейҳои ноҳия вохӯриҳо баргузор гардид, ки дар умум дар 53 вохӯриҳо зиёда аз 2364 нафар фарро гирифта шуд.

           Давоми семоҳаи фаъолияти ҳисоботӣ ба ифтихори санаҳои ҷашнӣ озмуну конференсияҳои ҳизбӣ зери унвони “Модар фаришта аст” миёни ҷавондухтарон, “Ватан- сароғози зиндагӣ!”, “Муҳофизи Ватан манам!”, “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд!” баргузор гардид, ки дар хотираи занону ҷавонони ноҳия нақшгузор буд.

         Ба ифтихори ҷашни таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар қисми низомии ноҳия озмунҳои “Сарбози Ватан” бо иштироки ҷавонони синну соли даъватшаванда, “Ҳомии Ватан” бо иштироки сарбозони қисми низомии ноҳия ва вохӯриҳои “Модари аскарбача” 5 маротиба бо иштироки занону бонувони ҷамоатҳои мухталифи ноҳия, рӯзҳои дарҳои кушод бо иштироки хонандагону донишҷӯёни коллеҷу муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид, ки иштирокдорон дар маҷмуъ 4530 нафарро ташкил намуданд.

         Аз ҷониби 10 нафар вакилони гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон ба ошхонаи сарбозон як миқдор лавозимот харидорӣ гардида, барои хонаи истироҳатии сарбозон аз ҷониби масҷиди марказии ноҳия 4 адад курпача ва 4 адад таксарӣ кӯмак расонида, шуд, ки ин ташаббуси бевоситаи ҳизбиёни ноҳия мебошад.

Инчунин, санаи 2 марти соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  бахшида ба “Рӯзи Модар” мизи мудаввар миёни ду насл – занони рӯзгордида ва ҷавондухтарон дар мавзӯи “Модари хушбахт” баргузор карда шуд.

         Ба ифтихори Рӯзи Модар 25 нафар занони собиқадори ҳизбу меҳнат ва ниёзмандон аёдат гардида, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

         Имрӯзҳо ташаббусу иқдомҳои бешумори узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро кулли ҳизбиёни ноҳияро болида мегардонад. Иқдоми навбатиашон дар арафаи Рӯзи Модар боиси пайравӣ аст. Аз ҷониби раиси ноҳия ба ифтихори ин санаи таърихӣ дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи Барномаи пешазинтихоботии хеш ба муносибати Иди модарон ба 38 нафар занон-кормандони муассисаи манзилӣ-коммуналии ноҳия ва 19 нафар занон-кормандони муассисаи кабудизоркунии ноҳия аз ҳисоби фонди захиравии раиси ноҳия ба ҳар як нафар 500 сомонӣ тақдим карда шуд. Инчунин, зиёда аз  50 нафар занони собиқадор ва 12 нафар занони кӯҳансол аёдат ва қадршиносӣ гардиданд, ки аз номи ҳизбиёни ноҳия барои ташаббусҳои бешуморашон, хосса арҷ гузоштан  ба нақш ва манзалати зан- Модар изҳори сипос мекунем.

         Санаи 7 марти соли равон дар толори Кохи фарҳанги ноҳия конференсияи илмию фарҳангӣ зери унвони “Занони соҳибноми Ёвон” баргузор гардид, ки бонувони ноҳия иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро арзишманд ва бамаврид хонданд. Дар рафти баргузорӣ ба 7 нафар занони собиқадору соҳибноми ёвонӣ туҳфаҳои арзишманд ва Сипосномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

         Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмиллалии Наврӯз аз ҷониби сохтори ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  зиёда аз 75 чорабиниҳои  идона бо баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, оростани дастархони ҳафтсину ҳафтшин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гулгардонӣ, байдбарак  ва дигар оинҳои хосси ҷашни Наврӯз дар доираи анъанаҳои миллӣ бо иштироки зиёда аз 55450 нафар доир карда шуд.

Ҳамзамон  бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, волонтёрон ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи тарғиботӣ зери унвони “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, муборак ёрон” баргузор карда шуд, ки аз ҷониби  волонтёрон ба сокинон ва меҳмонони ноҳия зиёда аз 500 дона варақаҳои иттилоотӣ бо табрикот ва манзалати Наврӯз дастрас карда шуд.

Инчунин, бо мақсади дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз, ки яке аз оинҳои хосси ин ҷашни миллӣ аст,  бо дастгирии шахсони саховатпеша ба 2 нафар маъюбони гуруҳҳои якум ба маблағи 3000 сомонӣ тақдим карда шуда, аз ҷониби вакилони ҳизбӣ ва соҳибкорони ноҳия ба 15 нафар ниёзмандон ба маблағи 7500 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

         Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстонаи ҷавонон, ба сафи Артиши миллӣ ҷалб намудани сарбозони ихтиёрӣ мутахассиси бахши омори ноҳия Мирзоев Насим санаи 4 апрели соли равон ба хизмати Ватан- Модар сафарбар карда шуда, ҷамзамон сарбози дигар Очилдиев Абдураъуф Ашураливич соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Норин санаи 12 апрели соли равон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуд.

Волонтёрии ҳизбӣ намуди фаъолияти муосире мебошад, ки дар ҳошияи татбиқи ҳадафҳои барномавӣ ҷиҳати рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва омодасозии кадрӣ пеш гирифта шудааст.

Саҳми волонтёрон дар чорабиниҳои ҳизбӣ хеле зиёд аст; онҳо пайваста дар корҳои таблиғотию фарҳангӣ фаъол буда, доимо ба сифати хадамоти ёрирасон ҳозир мебошанд. Шумораи волонтёроне, ки дар ҳама самти  ҳизбӣ фаъолият менамоянд 20 нафарро ташкил медиҳад.

Волонтёрон ҳамарӯза дар қатори кормандони ҳизбӣ ба татбиқи чорабиниҳои идеологӣ фаъоланд; иштирок ва саҳмгузории онҳо дар амалисозии чорабиниҳои тарғиботӣ боиси зикр ва қаноатмандӣ аст.

Дар сатҳи кумитаи иҷроияи ҳизбӣ барои волонтёрон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, онҳо бо либосҳои махсуси ҳизбӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ, имконият доранд, ки агар волонтёр дошта бошанд, аз ин либосҳои ягонаи ҳизбӣ истифода баранд.

Дар қатори ҷавонон имрӯз афроди ватандӯст, худшинос, ғаюр ва мусаллаҳ бо малака ва дониши муосир хеле зиёданд. Аз мо танҳо ҷалбсозӣ ва сафарбарнамоии онҳо ба татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ бо механизмҳои гуногуни ҳавасмандсозӣ, ба мисли волонтёрӣ тақозо мегардад.

Асоси фаъолияти таблиғу ташвиқотии сохторҳои ҳизбро маводҳои иттилоотӣ ташкил медиҳанд, ки як мавод дар як вақт якчанд нафарро бо маълумоти саҳеҳ ва дастрас фаро мегирад.

Дар давоми семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи  ҳизбӣ дар доираи фаъолияти худ 32 маводҳои гуногуни чопию видеоӣ таҳия, чоп ва паҳн гардидааст. Аз ҷумла, 2 лавҳаҳои сарироҳӣ, 2540 нусха брошюра, 2800 варақа ва 12 мақолаҳои таҳлилӣ дар нашрияҳои даврӣ таҳия ва интишор (намоиш) гардидаанд.

Мавзуъ ва муҳтавои маводҳои иттилоотӣ аз ҳадафҳои барномавӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таркиб ёфта, ба шаҳрвандон тавассути кормандони ҳизбӣ ва волонтёрон расонида шуданд.

Чи тавре маълум аст, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ, ин нишон додани вокуниш ба маводҳои иттилоотии иғвоангез мебошад.

Дар робита ба ин, дар сатҳи ноҳия гурӯҳҳои таҳлилӣ иборат аз 15 нафар муҳаққиқон ва коршиносон ташкил карда шуда, мунтазам атрофи таҳияи мақолаҳо ва назару андешаҳои созанда бар зидди маводҳои иғвоангез машғул мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ, бо роҳбарии кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ 21 вокунишу андешаҳо таҳия ва дар ВАО, ҳамчунин шабакаи Интернет нашр гардиданд, ки дар қиёс ба давраи гузашта 4 маротиб зиёд мебошад.

Новобаста аз дастовардҳо тарзи коргузорӣ бо гурӯҳҳои таҳлилгарон таҷдиди фаъолиятро талаб намуда, механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва фаъолияти мунтазами онҳоро тақозо мекунад.

Дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия почтаи электронии расмии худ таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза фаъолият дорад. Зимнан почтаи мазкур барои ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни ҲХДТ ба таври ройгон ва густурда фаъолият мекунад. Ҳамзамон, дар назди ниҳоди ноҳиявии ҲХДТ шабакаи Фейсбук таҳти унвони ҲХДТ Ёвон фаъолияти фаъол дорад, зимнан ҳамаи кормандони ҳизбӣ бо шабакаҳои Фейсбукӣ шахсӣ ва мустаор таъмин буда, дар  вақтҳои зарурат ва гузоштани лайк фаъол мебошанд.      

Дар семоҳаи аввали соли равон гардиши маводҳои электронӣ аз фаъолияти сохтори ҳизбии ноҳия 48 ададро ташкил дод, ки дар таносуб ба семоҳаи аввали соли гузашта 1,6 маротиб зиёд гардидааст. Аз ҷумла, дар шабакаи Фейсбуки Кумита ҲХДТ Ёвон - 152 мавод ва саҳифаҳои иҷтимоии кормандон-184 маводҳо нашр гардида, тариқи почтаи электронӣ-114 мактуб ва 72 муроҷиатҳо ворид гардид.

Ғамхорӣ ва дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ ҳамчун ҳадафи иҷтимоии барномаи ҳизб ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва вазифаҳои хоссаи сохтори ҳизбӣ ва аъзои саховатпешаи ҳизб қарор дорад, ки он дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.

Сохторҳои ҳизбии ноҳия ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ дар арафаи санаҳои таърихӣ ва иду ҷашнвораҳо доимо шахсони ниёзмандро, аз қабили собиқадорони меҳнат, маъюбон ва ятимон аёдат намуда, онҳоро бо кумакҳои гуногуни пулию моддӣ фаро мегиранд.   

Давоми фаъолияти ҳисоботӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони алоҳида ба 63 нафар кӯмакҳои иҷтимоӣ расонида шуд, ки маблағи он ба 19500 сомонӣ баробар мебошад, аз ин 2 адад кумакҳо аз ҳисоби кумитаи иҷроияи ҳизбӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар доираи ҳадафҳои барномавии ҳизб ва бо мақсади таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  ва ташкилотҳои ибтидоии он маҷмӯи аксияҳои ҳизбӣ зери унвони «Якҷоя месозем!» эълон карда шуда, корҳои ободонию созандагӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли равон ҳизбиёни ноҳия аз рӯйи  5 номгӯйи Аксияҳо фаъолият намудаанд.

Якум, сангфаршкунӣ аст, ки дар ин давра  10,3 км роҳу пайроҳаҳои байни деҳаву маҳаллаҳои ноҳия сангфарш карда шудааст.

Дуюм, мумфаршкунӣ аст, ки дар ин давра   5,6 км роҳҳо байни кӯчаҳои деҳаву маҳаллаҳои ноҳия мунфарш карда шудааст.

Сеюм, ниҳолшинонӣ аст, ки дар ин давра  4286 ҷиҳати сарсабзу хуррам ва озода гардонидани муҳити зист, дар қад-қади шоҳроҳҳо, ҷӯйборҳои байни кӯчаҳо, оромгоҳҳо ва талу теппаҳо 3216 ниҳолу буттаҳои сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.

Чорум, таъмири мактаб аст, ки дар ин давра   бо дастгирии узви КИМ ҲХДТ, раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро  дар назди МТМУ № 47 6 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода супорида шудааст.

Панҷум, обёрикунӣ аст, ки дар ин давра   20,5 мт ба деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бо саҳми маҳал амалӣ гардонида шудааст.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон давоми семоҳаи аввали соли равон бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ кӯшиш намуда, нисбат ба ҳамин давраи фаъолияти соли 2020 фаъолияти хешро назаррас ва аз руи усули нав ба роҳ монда, мунтаззам сайъ менамояд, ки ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, хоса роҳбарияти Олии ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи маҳал пурра дастгирӣ ва амалӣ намуда, дар ҳама самтҳо фаъол ва назаррас бошанд ва ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои арзанда пешвоз гиранд.