НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМИ АЗ ҶОНИБИ СОКИНОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша чорабиниҳои таҳия намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар мувофиқа бо раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни муқаддаси миллӣ, 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чорабиниҳои идона зери унвони “Шоми Истиқлол” доир карда мешавад. Ин навбат дар доираи нақшаи мазкур санаи 4 сентябри соли равон дар ҷамоати деҳои Ситораи Сурх чорабинии идона баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр, вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавҳари Муҷибахон Одил ва Холбойзода Неъматулло Холбой ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматуллоев мақсуд ва фаъолони ҷамоат иштирок намуданд. Ҳамчунин дар чорабини аз ҷониби сокинони деҳаҳои ҳудуди ҷамоат намоиши ҳунарҳои мардуми ва аз ҷониби муассисаиҳои таълимии ҷамоат дастовардҳои толибилмонашон ба марази тамошо гузошта шуд. Меҳмонони чорабини аз намоиши ҳунарҳои мардуми ва дастовардҳои хонандагон дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.