РОҲСОЗОНРО САВОБЕ МЕРАСАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо вусъати баланд идома дорад. Ин иқдоми созандагии сокинон  дар доираи аксияи ҳизбии Якҷоя месозем бо саҳми маҳал амали карда мешавад. Бо ин мақсад сокинон деҳаи Қуймоти ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов тасмим гирифтаанд, ки роҳи дохили деҳаро дар масофаи зиёда аз 1 км сангфарш намоянд. Дар ҳашари дастаҷаъмона намояндагони сохри ноҳиявии ҳизб иштирок намуда, бо сокинони маҳаллаи мазкур суҳбат анҷом доданд. Иқдоми сокинони ватандӯсти маҳаллаи Қуймотро намояндагони ноҳиявии ҳизб бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.