ТАЪСИСИ БОҒЧАИ БАЧАГОНА ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мавриди зикр аст, ки дар партави  ташаббус ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ноҳияи Ёвон бо саҳми мақомоти иҷроия, аъзёну ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия  ва ҷалби соҳибкорон то ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 биноҳои наву замонавӣ бо 8 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода мешавад, ки ин талаботи маҳаллаҳои ноҳияро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.  Яке аз самтҳои рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани сатҳи  таълиму тарбияи наврасону кӯдакон ин бунёди боғчаҳои бачагона дар сатҳи маҳал мебошад. Дар ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав  боғчаҳои бачагона, ки дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ба истифода дода мешаванд барои зиёда аз 100 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ шуда, дар он 14 нафар мураббиён кору фаъолият менамоянд.