ҶАВОНОН НЕРӮИ БУЗУРГ ВА ОЯНДАСОЗИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

Ёвон: Андеша  

Ҷавонон нерӯи бузурге ҳастанд, ки қодиранд ояндаи бузургу дурахшонеро таъмин кунанд. Барои ин танҳо эътимод ба ин нерӯ, роҳнамоии дурусту воқеӣ, ҳавасмандгардонии наслҳои бузургтар зарур аст.

Хушбахтона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо эътимоду боварӣ ба ҷавонон аз сатҳи олӣ сарчашма мегирад. Заковату хиради азалии Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эътимодашон ба ҷавонон ин нерӯи бузурги ояндасозро руҳбаланд намудаву баҳри иҷрои корҳои бузургтаре раҳнамун гардидааст. Имрӯз ҳар яки мо – аз хурд то бузург, шоҳиди он ҳастем, ки дастгирии давлатии ҷавонон дар сатҳи олӣ қарор дорад. Фароҳам овардани шароити арзандаву имкониятҳои фаровон барои азбар намудани тамоми илмҳои замонавӣ, таҳсил дар донишгоҳҳои машҳури ҷаҳон ва мувофиқ ба тахассусу маҳорати касбӣ таъин намудани ҷавонон ба вазифаҳои масъул гувоҳи он аст, ки Роҳбари давлат ба қобилияту нерӯи ҷавонони мамлакат эътимоди комил доранд. Ин аст, ки имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт нақши барҷастаи ҷавонон равшан ба назар мерасад.

Боиси хушнудист, ки тавассути дастгириҳои бевоситаи давлатӣ ин мақом, ин нақш дар арсаи байналмилалӣ низ эҳсос мегардад. Ширкати фаъолона ва сазовори медалу ҷойҳои намоёну ифтихорӣ гардидани варзишгарон, ғолиби озмун ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ гардидани толибилмони тоҷик муаррифӣ ва афзуннамоии эътибору нуфузи Тоҷикистони азиз аст.

Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунанд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоянд ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоранд. Инчунин, онҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот, балки бо заҳмати созанда, ташаббусҳои ободгарона ва кӯшишу талошҳои пайвастаашон мақоми хешро баланд бардошта, дар радифи беҳтарин бунёдкорони Ватани азиз қарор доранд.

Расулов Ғолиб-мудири шуъбаи таблиғот ва

иттиллоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон