ОМӮЗГОРОН ЗАХИРАИ ТИЛЛОИИ МИЛЛАТАНД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола 1-сентябр  дар кишвар ҳамчун Рӯзи дониш ва саршавии соли нави хониш қайд карда мешавад. Имрӯзҳо аз оғози соли нави таҳсили 2023-2024 -ро рӯзҳои башумор мондаасту имрӯзҳо ҳамагон барои қабули хонандагон ба ин боргоҳи илму маърифат омодагӣ дида истодаанд.  Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо роҳбарии муовини раиси Кумита Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Норин Хуррамов Субҳон ва директори Кохи фарҳанги ноҳия Мусулмони Саидмурод аз рафти таъмир, омодагиҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41-и Ҷамоати деҳоти Норин дидан намуда, бо омӯзгорони ин бунгоҳи таълимӣ дидан намуда, бо омӯзгорон суҳбати самимӣ доир намуда, аз вазъи  шароити омӯзгорон пурсон шуданд. Омӯзгорон аз иқдомҳои саривақтӣ, муҳайё намудани шароит барои омӯзгорон, ҳамасола зиёд намудани музди маоши омӯзгорон ва саривақт пардохт гардидани музди рухсатии меҳнатии омӯзгорон ба Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори ташаккур намуда, дар навбати худ ваъда доданд, ки насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия ва ба камол мерасонанд. Барои ҳифзи дастовардҳои нодири миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҳамеша саҳмгузор мешаванд.