РОҲСОЗИ КОРИ ХАЙРУ САВОБ АСТ!

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мояи ифтихор ва хушнудист, ки дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корҳои ободониву бунёдкори бо вусъат идома дорад. Имрӯз бо иштироки бевоситаи раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ дар деҳаи Чашмасори деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов мумфаршкунии роҳҳои деҳа бо саҳми сокинон оғоз гардид. Раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ барои чунин иқдомҳои пешгирифтаи соҳибкорони ноҳия изҳори сипосу минатдорӣ намуда зикр намуданд, ки зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ватани азизамон роҳсозӣ дар авҷи аълост, ки инро метавон роҳи саодат номид ва ҳамон шиори миллӣ, ки аз забони Роҳбари хирадманд ва ватандӯстамон садо дод, яъне «ТОҶИКИСТОН БА ПЕШ»-ро ҳар як сокини Тоҷикистон сармашқи кори хеш сохта, бо пайравӣ аз Сарвари давлатамон содиқона ба ин миллату давлат ва ватани азизамон хидмат намоем.