ИҚДОМҲО ДАР ДОИРАИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Иқдомҳои созандаи ҳизбиён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон имрӯзҳо баҳри истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷараёни тоза доранд. Дар партави сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми ҳизбиён ва соҳибкорону шахсони эҳсонкор  роҳи дохили деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов  ба ҳаҷми 2, километр роҳи дохили деҳаи мазкур пурра асвалтпӯш гардида, аз таъмиру таҷдид бароварда шуда истодааст. Сокинони маҳал дар нақша доранд, ки ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  корҳои ободониро дар сатҳи маҳал вусъат бахшида, маҳаллаи худро яке аз маҳаллаҳои ободтарини ноҳия муаррифӣ намоянд.  Раиси ноҳияи Ёвон, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифӣ Бахтиёр ва ҳизбиёни ноҳия зимни ташриф аз рафти корҳои  созандагӣ дидан намуда, ба меҳнату заҳмати ободкоронаи сокинони маҳаллаи мазкур баҳои баланд дода, иқдоми  онҳоро бориз арзёбӣ карданд.