ҲИДОЯТИ МОДАР: ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, Комиссарияти ҳарбӣ ва ҷамоати деҳоти Норин дар толори ҷамоати деҳоти Норин бо ҷалби модарони сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат қайд карда шуд, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Роҳнамо барои сарбозони ихтиёрӣ таҳия ва имрӯз мавриди амал қарор дода шудааст, ки тамоми паҳлуҳои самти даъвати ҷавонони ихтиёриро дар бар мегирад.

Баъди суҳбати самимона модари сарбоз писари худро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сафарбар намуд.