ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ АСОСИ ҲИЗБАНД.

Ёвон: Андеша  

Дар фаъолияти ҳизб таблиғот яке аз  бахшҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода, бояд ақида, ҷаҳонбинӣ, дониш, муносибат ва бархурди  шахс ба муҳит, ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ба назар гирифта мешавад.

        Роҳандозии ҳадафҳои  барномавии  Ҳизби Халҷии Демократии Тоҷикистон пеш аз ҳама  ба ҷалби аъзоёни ҳизб  ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, дар ин замина мувофиқи мақсад ба роҳ мондани  корҳои таблиғотӣ оид ба фаҳмонидани  мақсаду мароми созандаи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сиёсати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои даврони Истиқлолият, таҳкими Ваҳдати миллӣ, баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ҷалб намудани ҷавонон ва занон ба корҳои  ҷизбӣ ва ҷамъиятӣ, баррасӣ ва мусоидат намудан ба мушкилот ва муроҷиати  шаҳрвандон ба воситаи қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани мақоми гуруҳҳои таблиғотӣ ва зиёд намудани  ташаббусҳои сиёсӣ марбут аст.

        Мо насли калонсол хуб дар ёд дорем, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати комили миллат дар кадом вазъият ва мушкилотҳо ба даст омадааст, ки дар ин ҷода саҳми Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беандоза аст.

        Соли 2026, ки аз қабули санади тақдирсоз- Истиқлолияти миллӣ 35 сол сипарӣ мегардад ва мардуми сарбаланди тоҷик ба ифтихори ин санаи муҳими таърихӣ шурӯъ аз манзили истиқоматии хеш намуда, кореро ба сомон расонида истодаанд. Ҳар гӯшаи кишвари мо имрӯз бӯйи ободию созандагӣ мекунад. Дар қатори дигар мардуми бофарҳанги кишва истиқоматкунандагони деҳаи Калфи Сабади Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бетафовут набуда, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию созандагиро ба роҳ мондаанд. Ногуфта намонад, ки дар назди деҳаи Калфи Сабад  аз соли 2018 то ба инҷониб ташкилоти ибтидоии “Наврӯз” фаъолият дорад, ки дар он 34 нафар аъзои ҲХДТ кору фаъолият мекунанд. Мардуми деҳа атрофи сиёсати ҲХДТ новобаста аз аъзои ҳизб будан, ҷонибдори ин ҳизби мардумӣ мебошанд ва доимо иқдомҳои ҳизбиёни ноҳияро дастгирӣ менамоянд.

        Дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назди деҳаи Калфи Сабад бунёди утоқи раиси маҳалла, толори маҷлисгоҳ барои 100 нафар, сартарошхона  ва дукони фурӯши ҳунарҳои мардумӣ  сохтмонаш оғоз дорад.. Бо саҳми аъзоёну ҷонибдорони ҳизб  1,5  киллометр бо маблағи 515 ҳазор сомонӣ роҳи дохили деҳа пурра битонпӯш гардонида шуда, қубурҳои ду тарафи роҳ таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Ҳамчун рамзи ифтихори маҳалдорӣ дар маҳаллаи мазкур дарвозаи замонавӣ ва дар шоҳроҳи ноҳияи Ёвон- А. Ҷомӣ истгоҳи наву замонавӣ барои мардуми маҳал бунёд карда шуд. Ҳама кӯчаҳои маҳалла равшаннамоӣ карда шуда, дар маҳалла Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи меҳр ба диёру муқаддасоти миллӣ доштан Парчами давлатӣ дар баландии 20 метр қомат афрохтааст.

        Дар даъвати баҳорӣ ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тибқи нақша се нафар сафарбар гардида, омодагиҳо ба даъвати тирамоҳӣ идома дорад.

 

        Дар ҳақиқат боис ба ёдоварӣ аст, ки дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ мардум барои бунёди корҳои созандагии деҳа кореро ба сомон намерасониданд, зеро ки корро кордону корфармо мекунад, мегӯянд. Тамоми бунёдкориву созандагиҳо дар сатҳи маҳал, баланд бардоштани мақоми раиси маҳал маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омаду мардум атрофи сиёсати ватансозиаш дар гирдаш ҷамъ гардиданд.

        Бунёд кардани Ватан, меҳр ба диёр доштан вазифаи ҳар як соҳибватан аст ва дар роҳи боз ҳам ободу зебо намудани Тоҷикистони азиз ба ҳар як узви ҳизб ва мардуми шарифи ноҳияи Ёвон баррору муваффақиятҳо таманно дорем.

        Ҳисоботи пешниҳоднамудаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвонро дар шаш моҳаи аввали соли 2023 қаноатбахш меҳисобам.

       Валиев Сайдалӣ-раиси ташкилоти ибтидоии Наврӯз-1