ҲИЗБИЁН БОЯД МАСЪУЛИЯТИ СОЗАНДАГӢ ДОШТА БОШАНД.

Ёвон: Андеша  

Раиси муаззами ҳизб ҳамеша иброз медоранд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум нақши сазовор мегузорад. Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сездаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд.

Ба таъкиди Раиси ҳизб, рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад. Ишора шуд, ки кумитаҳои иҷроияи ҳизб якҷо бо сохторҳои ваколатдори соҳаҳои гуногун ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва зина ба зина беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар маркази диққат қарор медиҳанд, дар таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд, ҷудо намудани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа мусоидат менамоянд.

 Фаъолияти созанда ва њадафњои тараққихоҳонаву инсондўстонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҷавҳари онро таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ташкил медиҳанд, дар шароити имрўзаи ҷаҳони пуртазод аҳамияти бештар касб намудааст. Ба ибораи дигар, ҳоло мардуми аз ҷиҳати бунёдӣ, фитрӣ ва мафкуравӣ сулҳхоҳу ободкори кишвар бараъло мушоҳида мекунад, ки ҳадафу ормонҳои ин ҳизб бо ҳадафу ормонҳои ў мувофиқанд.

Мо бояд бошуурона дарк намоем ва асло фаромўш насозем, ки сарбаландиву саодати мо дар асоси осудагиву сарсабзии Ватан бунёд меёбад. Аз ин рў, сарҷамъу муттаҳид будан дар атрофи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизбе, ки роҳбарии онро ин фарзанди фарзонаву дилсўзи миллат ба уҳда дорад, метавонад мову кишвари моро дар муқобили ҳама ақидаҳо ва нақшаҳои харобкоронаи қувваҳои худхоҳу манфиатҷў устувору муқтадир гардонад ва ба фатҳи марҳилаи навини давлатдорӣ ҳидоят намояд.

Сокинони ноҳияи Ёвон, ки аз ибтидо худро ҳамчун мардуми ватанпараст ва ҷонибдори қавииродаи сохти конститутсионӣ муаррифӣ кардаанд, дар ин давра ба ҳайси аъзо ва ҳаводорони ин ташкилоти бонуфуз баҳри амалӣ гардидани мақсаду мароми халқпарваронаи он садоқатмандона саъю талош варзида истодаанд.

Шодиев Давлат-сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон