ҲИЗБЕ, КИ ҲАСТ МАРОМАШ -МАРОМИ ХАЛҚ

Ёвон: Вокуниш  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рукни таркибии низоми бисёрҳизбии кишварро ташкил дода, дар миёни ҳизбҳои амалкунанда бонуфузтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб дар тўли фаъолияти худ пастиву баландиҳо ва мушкилоту проблемаҳои зиёдеро паси сар кардааст.

Он таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ нақш ва мавқеи хоса дорад ва бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ баҳри таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии Ватани азизамон пайваста талош меварзад. Ҳамин аст, ки пайванди миёни ҳизб ва мардум, ҳизб ва ҷомеа дар ин муддат на танҳо устувору побарҷост, балки сол то сол, давра ба давра қавитар мегардад.

Ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз ормонҳо ва ҳадафҳои мардумӣ маншаъ гирифтаанд,бо гузашти айём арзиши волотар касб намуда, ба мақсаду мароми миллати шарафманди тоҷик табдил меёбанд. Сокинони мамлакат роҳи расидан ба зиндагии шоистаро дар татбиҷи ҳадафҳои хирадмандонаи ин ҳизб мебинанд. Воқеан ҳам, имрўз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як ташкилоти тавоное табдил ёфтааст ва метавонад халқи кишварро ба фатҳи қуллаи мурод раҳнамоӣ кунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар рафти баргузории Маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иҷрои қарорҳои анҷуманҳои 13 ва 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбиро дар марҳалаи минбаъда мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Зимни суханрониҳо Раиси муаззами ҳизб таъкид намуданд, ки имрӯзҳо мо дар шароити мураккаб қарор дорем. Бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави «ҷанги сард», шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он, паҳншавии бемории сироятӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи сангинтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯ ба рӯ кардаанд.

Расулов Ғолибҷон-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон