ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ.

Ёвон: Андеша  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бисту нуҳ сол муқаддам зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони сиёсат ворид гардида, дар муддати начандон тўлонӣ садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои озодиву баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёниву демократия сарбаландона собит намуд ва имрўз бо боварии комил ба ояндаи дурахшони Ватан ва бо умеди баровардани ормонҳои миллӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ сохта истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рукни таркибии низоми бисёрҳизбии кишварро ташкил дода, дар миёни ҳизбҳои амалкунанда бонуфузтарини онҳо ба ҳисоб меравад. Ин ҳизб дар тўли фаъолияти 29-солаи худ пастиву баландиҳо ва мушкилоту проблемаҳои зиёдеро паси сар кардааст.

ҲХДТ барои сарҷамъию ваҳдат ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб шароити созгор фароҳам овард ва ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҳамагонро таҳким бахшид. Ба андешаи шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ «Мисли он ки аз баракати талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи Сомониёни бузург пас аз ҳазор сол эҳё ва парчами давлатдории тоҷикон то абад пойдор гардид, ҳамчунон номи ӯ низ дар ҳофизаи наслҳои сипосгузори баъдӣ абадан боқӣ хоҳад монд».

Ҳозирини гиромӣ, ҳамватанони азиз!

Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Боиси хурсандист, ки баъд аз ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани “Оши палав” ва “Наврӯз” ин навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ низ аз ҷониби ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.

Бояд қайд кард, ки Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам мебошад. Аз оғози таъсисёбиаш то ба имрӯз ин Рӯйхат 509 номгӯй урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунёро дар бар гирифтааст.

Инак, баъди талошҳои чандин солаи  Пешвои миллати тоҷик, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маврикий баргузор гардид, чакан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд. 

Чакан идомаи ҷустуҷӯҳои беш аз ҳазорсолаи аҷдодист, ки дар аввал чун либоси шахсиятҳои доро маъруфият дошта, бо гузашти солҳо дар байни мардум паҳн гардидааст.

Абдуллозода Саёҳат-муовини раиси Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон