КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ НОҲИЯ ФАЪОЛИЯТРО ҶОННОК МЕНАМОЯНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади саноатикунонии босуръати мамлакат дар ин радиф корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.

Ин навбат намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон аз рафти фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Хима Текстил”-и ҶДММ “Хима Текстил” дидан намуданд. Имрӯзҳо дар ин корхонаи истеҳсолӣ зиёда аз 150 нафар сокинони ноҳия дар се баст шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, ки тамоми шароитҳо барои онҳо муҳайё мебошад. Корхонаи мазкур ашёи хоми ватании пахтаро аз корхонаҳои пахтатозакунии ноҳия қабул намуда, онро коркард карда, маҳсулоти омодашударо ба давлатҳои хориҷа содирот менамояд.