САРВАРЕ, КИ ОРМОНАШ ОСУДАГИИ ХАЛҚ АСТ

Ёвон: Вокуниш  

Пешвои муаззами мо дар ҳақиқат, қаҳрамонанд. Қаҳрамоне, ки ният ва маромашон оромии ҳар хонадон ва кулли мардуми Тоҷикистон аст. Ба бахти миллат дар вуҷуди он кас сифатҳои зиёди инсонии олию оддӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, ҷасорату дилсӯзӣ ва ғуруру хоксорӣ ба ҳам омадаанд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвари мо шахсияте ҳастанд, ки тавассути сиёсати дурбинонаи он кас давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ин ҳадяи таърих расидан, ба кору пайкори ватандӯстона ва қаҳрамононаи Президенти мардумии худ арҷ гузоштан, роҳу равиши он касро омӯхтан ва ҳамчун сармояи ибрат истифода бурдан ба нафъи ояндаи миллат аст.

Бо орзуи ояндаи неки Тоҷикистон таманно дорам, ки нақшаву ниятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақшаву ниятҳои ҳар яки мо табдил ёбанд, то Ватани маҳбубамон аз имрўза дида ободу зеботар ва пешрафтаву пуриқтидортар гардад.

Шодиев Давлат - сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон