БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

13-уми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳунармандон” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид.

  - Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

  - Ба роҳбари гирифтани қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

  - Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

  - Қабул ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ Наҷбиддинзода Ҳабибулло,  фаъолияти солонаро аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ба шунавандагон ҳисобот доданд. Инчунин вазифаҳоро барои давраи ояндаи ташкилот муайян намуданд. Аз ҷумла, дар баромадашон гуфта шуд, ки дар тамоми ҳамин давра нақшаҳои моҳона бо барзиёди иҷро гардидааст.

Вобаста ба масъалаи дуюм “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ба ҳозирин расонида шуд, ки ҳар як аъзо дар ин давра боз ҳам содиқияти худро нисбат ба ҲХДТ нишон дода тавонад.

Бо дасгирии кулли иштирокчиён Наҷбиддинзода Ҳабибулло, аз нав ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дар баромади муовини раиси   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон, Абдуллозода Саёҳат, ҳамзамон шунавандагонро хотиррасон намуд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои шаҳрвандии худро иҷро намоянд.