ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ ВА ҶОНФИДОИ МАРДУМ

Ёвон: Андеша  

Дар набарди зиндагӣ ба хотири осудагии мардум, ободии Ватан шӯъла задану афрӯхтан, мардонавор паси сар кардани сахтиву душвориҳо шарафи бузургест, ки на ҳар кас зарфияти таҳаммули онро дорад.

Ба хости Худованди корсоз ва бахти миллати тоҷик чунин шахсияти камназир дар як давраи ҳассоси  таърихӣ сари кор омаду аз баракати мақдамаш неъмату нуру зиё ва сулҳу сафо ба диёри мо омад.

Маҳз матонату ҷасорати фарзанди фарзонаи миллат, сарвари оқилу хирадманд, Пешвои миллат аст, ки имрўз мо – сокинони касбу кори гуногуни Тоҷикистони азиз дар фазои ваҳдату якдилӣ зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он рӯзҳои сахту душвор  нақшбанди  озодӣ, ягонагӣ, оромиш, ҳамсадоиву ҳамнавоз ва сафҳаи тозатарини  тақдири миллати мост. Оини  муҳаббату садоқати халқи тоҷик нав нест, балки мероси зеҳнии ниёгони мост, ки ҳамеша хирадро омили ягонаи созиш ва эњёгарӣ дониставу ба он такя намудаанд.

Сукути шуравии абарқудрат, дастёбӣ ба ормони  ҳазорсола- истиқлолияти миллӣ, рӯйи саҳна омадани  ашхосу гурӯҳҳои  мансабталошу манфиатҷӯй ва ниҳоят бо дахолати  бегонагон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани  Тоҷикистон.

Маҳз, фарзонафарзанди тоҷик ба ҳайси Раиси Шӯро аз миёни нобасомониҳои  xанги шаҳрвандӣ ба муроди он бархост, ки  мардуми парокандаи Тоҷикистонро аз нав ҷамъ созад, дар кишвари валангоргардидаи мо аз нав сулҳу ваҳдатро  таъмин намуд, дар замири ҳар як тоҷикистонӣ тухми умеду бавариро сабзонид.

Раванди минбаъдаи  ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол  собит намуд, ки  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ормонҳои  халқ аст. Мо шоҳиди онем, ки  таҳти сарварии Раиси Шӯрои мазкур-Тоҷикистони дар гирдоби  кашокашиҳои дохилӣ қарор дошта, ба соҳили мурод расид. Тай кардани ин марҳилаи сангин осон набуд ва паси сар кардани он маънии амалӣ гаштани нақшаҳои наздиктарини  ваҳдатро дошт.

Ин дастоварди бузург, дигаргуниҳои куллиро дар шуури ҷомеа ба вуҷуд овард. Ба ҳамин маънӣ Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ тавонист мавқеъ ва  обрeи  устуворро дар миёни халқ соҳиб намуд.

Нуқтаи бисёр муҳим дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи занон мебошад. Ин дастгирӣ танҳо дар сухан ва қоғаз нест ва мо занон инро бевосита дарк мекунем.

Зеро маҳз Пешвои миллат занонро пуштибонӣ мекунед ва барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳам заминаҳои ҳуқуқӣ ва ҳам иҷтимоӣ созмон доданд. Имрӯз мактаби захираҳои кадрӣ барои бонувон имконияти воқеӣ барои интихоб ва таъин шуданро ба вуҷуд овардааст.

Ҳамватанони азиз, мо занону бонувон ҷамеша дар татбиқи идеяҳои бузурги низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷоноби Пешвои миллат барои саодати миллат, пешрафти Ватан, зиндагии шоистаи мардум ва таҳкими пояҳои давлат нигаронида шудаанд, ҳамеша саҳмгузор хоҳем буд.

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон