ЗАБОН ПОЙДЕВОРИ ДАВЛАТ АСТ.

Ёвон: Андеша  

Қадами нахустин дар бораи озодии сухан ин қабули қонун дар бораи забони тоҷикӣ, аз 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии  Ҷ.Ш.С. Тоҷикистон буд, ки ин ғалабаи зиёиёни ҳамон вақтаи тоҷикро нишон медод, ки баъдан бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, санаи 22 июл ба сани 5-октябр  гузаронида шуд. Ва ҳамасола санаи 5- октябр ҳамчун иди забони давлатии тоҷикон, ҷашн гирифта мешавад.

Аз ин рӯ, мо бояд ин забонро ҳамчун гавки чашм эҳтиёт карда, аз таъсири манфии забонҳои дигар ва унсурҳои гуфтугӯии кӯчагӣ ҳифз кунем. Ба ин забон санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва осори илмиву бадеии халқхои ҷаҳон тарҷума мешаванд, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳими байналмилалӣ таҳия мегарданд,  ин  забон аз минбарҳои бузург ва муътабари ҷаҳонӣ садо медиҳад ва рӯз то рӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ маъруфияти бештар касб менамояд. Имрӯз  мо бояд кӯшиш намоем, ки забони худро ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне ба забоне, ки ҷавобагӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил бошад, табдил диҳед. Забони мо шиносномаи маърифати оламшумули мо, баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ҷовидонаи миллати мост. Пас биёед, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори ҳушёри забони зебову шевои модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди худ бошем

Мирзоев Эраҷ, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон