ЗАБОН ПОЙДЕВОРӢ ДАВЛАТ ВА ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!

Ёвон: Андеша  

“Забон  рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст.  Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”. Змомалӣ Раҳмон.

Бо шарофати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони ноби Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофизи, Ҷомиву Бедил ва дигар классикони адабиёти мо шукӯҳу ҷалоли асосии худро дубора ба даст овард ва  ба маснади забони давлатӣ расид. Забони модарии мо аз ҷумлаи забонҳои қадимтарини дунёст, ки роҳи пурҳодисаи давру замонҳоро тай намуда, бо фасоҳату малоҳати бемисли худ то ба замони мо расидааст. Гузаштагони  соҳибфарҳанги мо бо вуҷуди ҳама гуна тохту тозҳои бераҳмона, сӯхторҳову  қатлу кушторҳо ва шикастҳову парокандагиҳо тавонистанд асолати забони худро нигоҳ доранд ва онро аз осеби ҳодисаҳои таърихӣ наҷот диҳанд. Дар тӯли садсолаҳо давлатҳои турктабори Ғазнавиёну Салҷуқиён, Қарахониёну Хоразмшоҳиён, империяҳои бузурги муғулии Чағатоиёну Темуриён ва  туркони усмонӣ, шайбониёну аштархониҳо ва манғитиҳо забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатдорӣ ва коргузорӣ истифода мебурданд, шоирону олимон ва ҳакимони тоҷику форсизабон марказҳои илмиву адабии дарбор ва замони салтанати онҳоро обод медоштанд.

Гурезова Мавҷуда, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон