ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ЁВОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ бо мақсади огоҳӣ аз вазъи соҳаи маориф аз якчанд муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои дурдасти ноҳия боздид намуда, ҳамзамон аз ҷараёни бунёди муассисаи томактабии хусусӣ ошноӣ пайдо кард.

Бахтиёр Шарифӣ аз ҳолати ду ширхоргоҳ-кӯдакистон шиносоӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ дар арафаи 32-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ба истифода дода мешавад. Боғчаҳои бачагона, ки дар деҳаҳои дурдасти ноҳия ба истифода дода мешаванд барои зиёда аз 100 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ шуда, дар он 14 нафар мураббиён кору фаъолият менамоянд.

Раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ зарурати таҷдиду азнавсозии ширхоргоҳ-кӯдакистонҳо ба миён гузошта, аз масъулини соҳаи сохтмон ва шаҳрсозӣ талаб намуд, ки дар зудтарин фурсат лоиҳаи онро манзур намоянд. Таъкид гардид, ки кӯдакистони бунёдшаванда бо назардошти талаботи замони муосир сохта шавад ва дар он беҳтарин шароити тарбияву ба камолрасонии кӯдакон муҳайё гардад.

Зимни шиносоӣ дар МТМУ № 48, 50 ва 61 иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ беш аз 400 нафари хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Мактабҳо солҳои асри гузашта сохта шуда, ниёз ба таъмиру азнавсозӣ доранд.

Бахтиёр Шарифӣ баъди азназаргузаронии ҳудуди муассисаҳои таълимӣ ба муовини соҳавӣ ва сармеъмор супориш дод, ки дар ин мавзеҳо барои сохтмони мактабҳои муосир намунаи лоиҳаҳоро пешниҳод намоянд.

Раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ таъкид дошт, ки дар қаламрави ноҳия иқдомоти созандагӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бомаром идома дорад ва ҳамагон дар ҳамбастагӣ ҷиҳати боз ҳам зебову пешрафта намудани ноҳияи Ёвон ҳиссагузорӣ хоҳем намуд.