КУМАК БА КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ КАБУДИЗОРКУНИИ НОҲИЯ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола санаи 27 июн дар қаламрави кишвари азизи мо Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ   бо мақсади ҳавасмандии кормандони касбу кори гуногун аз ҷониби шахсони саховатпеша дар арафаи иду ҷашнҳои гуногун роҳандози карда мешавад.

Ин навбат аз ҷониби раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Ваҳдати миллӣ ба 28 нафар кормандони Раёсати Кабудизоркунии ноҳия кумаки яквақтаина расонида шуд. Дар рафти кумак ба онҳо орд, равған, картошка, пиёз ва дигар маводи ғизоӣ кумак расониданд.