СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НОҲИЯ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои таъмирӣ аз муассисаҳои таълимӣ дидан карданд. Алҳол тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҳудуди ноҳия ба соли таҳсили 2023-2024 омода гардида истодаанд. Раиси ноҳия бо ин мақсад маблағҳои иловагӣ ҷудо намуда, масъулин ва мутахассисонро вазифадор карданд, ки биноҳои фарсударо азнавсозӣ намоянд, намои берунӣ ва дарунии биноҳоро бо тарҳҳои ҳозиразамон оро дода, синфхонаҳо ва кабинетҳои фанниро бо таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонанд. Шоистаи таҳсин аст, ки иқдомҳои неки раиси ноҳияро соҳибкорони маҳал фаъолона саҳмгузорӣ мекунанд.

Ин навбат дар назди Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и ноҳия синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад. Бояд гуфт, ки синфхонаҳои иловагии нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхонаи нав мебошад ва дар назар аст, ки дар муҳлати кутоҳтарин сохтмон ба анҷом расонида шуда, хонандагон аз он истифода мебаранд. Ин иқдом дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" ва амалиёти муштараки "Мактаби ман" роҳандозӣ карда мешавад.