МОДАРИ АСКАРБАЧА ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихору саодат аст, ки Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри таъмини Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Тоҷикистон, мусоидат ҷиҳати рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби зидди сохти Конститутсионии давлат ҷонбозиҳо намуда, вазифаҳои худро дар таъмини амнияти давлату ҷомеа софдилона ва мардонавор иҷро менамояд.

Бо мақсади истиқболи сазовор аз 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар доираи чорабиниҳо се маротиба аёдати модарони ноҳия зери унвони “Модари аскарбача” баргузор карда шуд, ки дар ин навбат зиёда аз 50 нафар модарони ташкилоти ибтидоии деҳаву маҳаллаҳои ноҳия ташриф оварда, бо фаъолияти хизмати сарбозон ошно шуданд. Чорабинии мазкур бо ташаббуси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон дар қисми низомии 6593 баргузор гардид.