ОРОСТАНИ ДАСТУРХОНИ ИДОНА БАРОИ САРБОЗОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таваҷҷуҳ ва талаботи пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Артиши миллии мо давраҳои мушкили сохториро давра ба давра паси сар карда, имрӯз қудрату тавоноии худро натанҳо дар қаламрави кишвар, балки дар таъмини амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ низ пайдо намудааст. Дар доираи омодагиҳо ба ифтихори 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва иди Саиди Қурбон аз ҷониби гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон барои сарбозон дастурхони идона ороста шуд.