КӮМАКИ МАВОДИ ҒИЗОӢ БАРОИ САРБОЗОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити сарбозону афсарони қисми низомии 6593-и ноҳия ва таъмини ошхонаи сарбозон бо лавозимотҳои зарурӣ аз ҷониби гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ифтихори 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва иди саиди қурбон  ба ошхонаи сарбозон як миқдор лавозимотҳои зарурӣ аз қабили табақу коса, лаълиҳои замонавӣ ва як миқдор маводи ғизоӣ кумак карда шуд, ки туҳфаи мазкур барои боз ҳам ороста гардидани хони сарбозон мусоидат мекунанд. Ҳайати шахсии қисми низомии ноҳия дастгирии навбатии ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.