БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ 26- СОЛАГИИ РӮЗИ ВҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи давлат ва сипари миллат, кафили амнияту осоиш, сулҳу суботи кишвар, ҳифзи истиқлолият ва марзу буми кишвар мебошад. Сокинони мамлакат дар симои сарбозону афсарони Артиши миллӣ муҳофизони худогоҳу худшинос ва содиқу ҷоннисори Ватанро мебинанд.

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба роҳ монда шуда, барои хар як шахси бо ору номус ва ватанпарвар боиси ифтихор аст. Бо мақсади таҷлил аз 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисми низомии 6593-и ноҳия бо иштироки роҳбарони як қатор Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарбозону афсарон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, модарону ҷавонони синнусоли даъватӣ чорабинии бошукуҳи идона баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур Абдуллозода Саёҳат муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, модари собиқадор Султонова Аминахон ва сарбози қаторӣ Абдураҳим Маҳмадраҳимов суханронӣ намуда, аз артиши пуриқтидори кишвар андешаронӣ намуданд.