КӮМАКИ НАВБАТИИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ БА ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ АҲОЛӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии ҳизб ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар арафаи Иди Саиди Қурбон аз ҷониби директори КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайри манқул” дарт ноҳияи Ёвон Қурбонзода Далер ба якчанд оилаҳои камбизоат ва маъюб кӯмак намуданд. Бояд гуфт, ки дар рафти аёдат аз ҷониби шахсони саховатпеша ба оилаҳои ниёзманд маводи ғизоӣ аз қабили орд, равған, пиёз, картошка ва дигар маҳсулҳои ниёзи аввалия кӯмак карда шуд.

Зимни расонидани кӯмак муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат иштирок намуда, иброз доштанд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва ба онҳо мунтазам кӯмакҳои молиявӣ расонида мешавад.