ҶАРАЁНИ АМАЛИШАВИИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “МАКТАБИ МАН”

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 дар деҳаи Зафари Ҷамоати деҳоти Норин  аз рафти амалишавии амалиёти муштараки “Мактаби ман” дар муассисаи мазкур иштирок намуданд. Дар натиҷа аз ҷониби роҳбарияти ҷамоати ва муассисаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки дар доираи амалиёти мазкур собиқ хатмкунандагони муассиса тасмим гирифтанд, ки 10 адад синфхонаҳои мактабро, ки ба таъмири ҷидди ниёз дошт аз нав таъмири пурра намоянд. Бояд гуфт, ки ҳаҷми маблағи сарфшаванда дар синфхонаҳои таъмиршаванда зиёда аз 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки то ин давра қисми аз ин маблағҳо сарф карда шудааст. То имрӯз баъзе аз синфхонаҳо алакай таъмирашон ба итмом расидааст. Ташабускорон тасмим доранд, ки дар рӯзҳои наздик таъмири синфхонаҳоро ба итмом расонанд ва дар соли нави хониш хонандагон аз онҳо васеъ истифода намоянд.

Акнун мушкилии норасоии ҷойи нишаст ҳали хешро пайдо карда хонандагон дар соли нави хониш дар синфхонаҳои кушоду барҳаво таълиму тадрис мегиранд. Тавре раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ таъкид дошат, мо тамоми талошу кушиши худро ба он равона месозем, ки корҳои созандагиву бунёдкориро бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлилояти давлатӣ равнақ бахшем ва ҳамзамон бо бунёди мактабҳои типии нав сифати таълиму тарбияро дар бахши маорифи ноҳия ба таври заруриву шоиста таъмин созем.