ҶАШНУ АНЪАНА ИНЪИКОСИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ АСТ.

Ёвон: Андеша  

Маднияти халқӣ дар баробари умумиятҳо, дорои тафовутҳо низ мебошад ва сабаби асосии ин махсусиятро соҳиб шудани маданияти миллӣ – ин шароити мухталифи ҳаёту фаъолияти миллатҳо дар вазъи муайяни этникӣ-иҷтимоӣ дар даврони муайяни таърихӣ ба шумор меравад. Маданияти халқ, аз ҷумла тоҷикон, аз маҷмўи унсурҳои фарҳангии муносибатҳои этникӣ дар робита бо вазъи зиндагӣ фароҳам омадааст.

Роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи харҷи зудтар халос кардани мардум аз ин гуна бидъатҳо ва сарбориҳои сохта, чунонки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст. Таҳлилҳои воқеӣ кишвари моро ба қабули қонуни махсус роҷеъ ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо водор намуда, зарурати ташкили раёсати махсусеро дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин самт пеш овард. Бо ташаббуси Сарвари давлат ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардиданд.

Албатта расму оин ва урфу одат монанди дигар ҳаводиси замон вобаста ба шароити зисту зиндагонии мардум тағйир ва инкишоф меёбанд. Вобаста ба ҳар давру замон, ҷашну маросимҳои нав ташаккул ва инкишоф ёфта, урфу одат ва расму оинҳои зарарноки замони гузашта, ки ба пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёту маданият ва ба беҳбудии  рӯзгори одамон монеъ мешаванд,  оҳиста –оҳиста аз байн мераванд ва расму оинҳои нав торафт устувор мегарданд. Зеро ин тақозои замон аст. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлати, ки ҳамагон огоҳ ҳастем маъракаҳои суру мотам ва ҷашни суннати ба як хароҷотҳои беҷо ва беҳуда табдил ёфта буд. Мардум бо ҳар роҳ мекӯшиданд, ки аз рӯи орият бо  ҳамдигар таҳассуб карда, ва ё аз касе қарз гирифта,  маъракаҳои серхароҷоту бодабдаба, безарурат, ки боиси қашшоқию муфлисии он хонадон мегашт барпо мекарданд.

 Исрофкорӣ ва хароҷотҳои беасосу зиёдати то ба ҷое расид, ки сабаби хонавайронии ҷавонон гардида, боиси маломат, мазаммат ва сарзаниши ҳамдигари шуда, ба пастравии вазъи иҷтимои дар рӯзгор оварда расонид. Вале одамон аз хароҷотҳои беҳудаву нодаркор, ки боиси қашшоқии онҳо мегардид, ва аз масрафи зиёд дар маросимҳои суру мотам, ки зиён медиданд, мӯҷиби муфлисшавии эшон мешуд, андеша намекарданд.  Ба қадри боигарии худ, амволи хеш нарасида он пулу мол, ки бояд барои беҳбудии рӯзгор ва таҳсили фарзандон сарф кунанд ба хароҷоти беҳуда, масраф мекарданд. Бояд тазаккур дод он ашхосе, ки сарфакор нест ва ба хароҷоти беҳуда машғул аст вай ҳамчун марди бебоки исрофкор ҳатман ба иқтисоди шахсии худ зарба мезанад ва ӯ оқубат фақиру ниёзманд мешавад. Ба таъбири бузургон сарфакор ҳеҷ гоҳ қашшоқ намешавад. Абулқосим Фирдавсӣ  фармудааст:

Маро дахлу харҷ а-р баробар будӣ,

Замона маро чун бародар будӣ       

Эраҷ Мирзоев-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон