Ваҳдат- таҳкими сулҳу салоҳ ва ризояти байни халқҳо аст.

Ёвон: Андеша  

Бо шарофати қабул гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар ҳаёти ҷавонони кишвар низ тағйиротҳои куллӣ ба амал омаданд ва имрўз масъалаҳои марбут  ба  ҷавонон, баланд бардоштани маърифати  сиёсии онҳо, кўмаки ҳамаҷониба дар ҳалли мушкилоти  иҷтимоиву иқтисодашон дар қатори масъалаҳои  муҳимтарини рўз гузошта шудааст. Воқеан ҳам, масъалаи  тарбияи насли наврас яке аз мавзўъњои муҳим буда, аз ҳалли дурусти он  пешрафти тамоми соҳаҳои  ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа вобастагӣ дорад.     

Мо,  ҳизбиён бо дарки масъулият ва рўҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри Ваҳдати комили мамлакат ва рушду тараққиёти кишвар дар таҳкими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо  гузорем.

Ободию осудагии Ватан ва зиндагии арзандаи мардум ба меҳнати софдилона ва пурсамари ҳар яки мову шумо вобаста аст. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ҷавонон қувваи пешбаранда ва ояндасози қомеа буда, дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи марзу бум, ваҳдату ягонагӣ ва осоиштагии мардум талош варзидаанд. Имрўз низ ҷавонон чун ворисони арзандаи ин қувваи бузург, ба дастовардҳои даврони истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллат арҷ мегузоранд.

Зиндаву ҷовид бод  он ном ва корнамоиҳои  фарзандони асили  фардои  миллати тоҷик ва сиёсати пешгирифтаи абармарди дунёи сиёсат Эмомалӣ  Раҳмон.

Раҳмонзода Муҳаммад, мутахассиси бахши омори  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон