ҶАВОНОНИ ДИЛОВАРИ ЁВОН

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар ин акс шумо ҷавононеро мебинед, ки бо амри дил, иродаи оҳанин ва шуҷоъату матонати рустамона хизмати Ватан-Модарро ихтиёр карда, ба сафҳои Артиши миллӣ пайвастан мехоҳанд. Ин ҷавонмардон бори дигар исбот карданд, ки ҷасорату шарафмандӣ хоси фарзандони бедори Тоҷикистон аст. Чунин ҷавонон пайравони шоистаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ барои иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ ба ҷавонон суботу бурдборӣ ва ба волидайни онҳо барои тарбияи чунин фарзандони шуҷоъу далер минатдорӣ баён доштанд. Гуфта шуд, ки маҳз чунин фарзандони содиқу ватандӯст аз уҳдаи ҳимояи мустақилонаи марзу буми кишвар баромада, дар ҳифзи дастоварду музафариятҳои Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол садоқату мардонагӣ нишон хоҳанд