ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ДУ МАКТАБ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ширкати раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ ба бунёди сохтмони чанд мактаби типии нав санги асос гузошта шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 69 дар деҳаи Тағойбоди Ҷамоати деҳоти Обошорон аз ҷумлаи онҳост. Тавре иттилоъ дода шуд, муассисаи бунёдшаванда тибқи лоиҳа аз ду ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои нави муассиса дар заминаи мактаби куҳнаи рақами 69 қомат афрохта, бо дастгириҳои роҳбарияти МИҲД ноҳияи Ёвон ва саҳми маҳал сохта мешавад. Бо бунёди мактаби мазкур мушкилоти чандинсолаи хонандгон, ки роҳи дарозеро тай намудаву таҳисли худро дар мактаби деҳаи ҳамсоя мегирифтанд, ҳали хешро пайдо хоҳад кард.

Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар қисмати таҳкурсии бино ҷарён дошта дар ояндаи наздик дар ин макон муасисаи наву замонавие бо шароити муосири таълиму тадрис рӯи кор хоҳад омад. Ҳамингуна дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ба бунёди сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 дар деҳаи Қайнамаи Ҷамоъати деҳоти Обошорони ноҳияи Ёвон низ ҳусни оғоз бахшида шуд. Раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ аз раванди корҳои тахту ҳамворкунии зербинои муассиса дидан намуда, ҳамзамон ба лоиҳаи бинои сохташаванда фикру пешниҳодоти худро баён доштанд. Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3, ки дар заминаи иморати куҳанаи он бунёд мегардад аз ду ошёна ва 13 синфхона, иборат аст.

Инчунин, ҳайати корӣ бо роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ дар ин рӯз аз бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62 деҳаи Сарқамиши Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова, ки дар марҳилаи баҳрабардорӣ қарор дорад, ошноӣ пайдо намуданд. Бинои иловагии навбунёд иборат аз 11 синфхонаи барҳаво буда, дар соли нави хониш мавриди истифода қарор мегирад. Ба иттилои масъулин қаблан дар муассисаи мазкур барои хонандагон норасои ҷойи нишаст ба назар расида омӯзгорон наметавонистанд дарсҳои худро озоду роҳат ба муҳассилин омӯзонанд. Акнун мушкилии норасоии ҷойи нишаст ҳали хешро пайдо карда хонандагон дар соли нави хониш дар синфхонаҳои кушоду барҳаво таълиму тадрис мегиранд. Тавре раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ таъкид дошат, мо тамоми талошу кушиши худро ба он равона месозем, ки корҳои созандагиву бунёдкориро бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлилояти давлатӣ равнақ бахшем ва ҳамзамон бо бунёди мактабҳои типии нав сифати таълиму тарбияро дар бахши маорифи ноҳия ба таври заруриву шоиста таъмин созем.