ИВАЗИ НОМ БА ҶОЙИ ТАҚВИЯТ

Ёвон: Вокуниш  

Ташкилоти террористӣ- экстремистии мамнуъгаштаи собиқ ҲНИ худро “Паймони миллии Тоҷикистон” ва Гурӯҳи 24 бошад худро “Ҷумбиши ислоҳӣ ва рушди  Тоҷикистон” номгузорӣ кардаанд, ки ин аз надоштани иродаи қавӣ ва аз сиёсат дур бадани аъзои ин ташкилотҳо шаҳодат медиҳад.

Имрӯз бархе аз шахсон ва гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ин фазои ороми ҷомеаи Тоҷикистонро чашми дидан накарда, мехоҳанд  дар байни мардум ҳар гуна фитна ва иғво ангехтазанд,  ба ин гуна одамон Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин,  Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳаммаслакони инҳо, ки аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ- экстремистии мамнуъгаштаи собиқ ҲНИ ва хоинони миллати тоҷик мебошанд, ба шумор мераванд.

Мехоҳам якчанд андеша ва фикри худро доир ба баромади яке аз хоинони миллат Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ба воситаи пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуд, баён намоям.

Ҳар нафаре, ки баромади ин касофати Муҳаммабдиқболи Садриддинро тамошо намояд хуб дарк мекунад, ки мақсади асосии ин хоин  чӣ мебошад ва ӯ чи мехоҳад. Ин бадбахт танҳо ҳамон суханонеро такрор менамояд, ки аз ҷониби соҳибонаш ва хоҷагони хориҷиаш, ки аз ҳисоби онҳо шикамашро сер мекунад ва устухонеро, ки ба назди саг барин ба ӯ мепартоянд баромад намуда аз гапи онҳо намебарояд. Чуноне, ки бузургон гуфтаанд:

         Саге, ки туъмаи ӯ устухон аст,

         Ба ҷону дил муҳиби хонадон аст.

        

Дар ҳақиқат зебо гуфтаанд бузургони мо,  ин нафарон ҳамон сагонеро мемонанд, ки устухони соҳибонашонро истифода мебаранду ба гуфтаи онҳо амал менамоянд. Боз ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳҳои террористӣ ба идеалогияи мардуми мо роҳ меёбад? Не! Агар садҳо  созмону иттиҳодияҳо ташкил диҳанду  дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври пахши мустақим рӯзҳо ҳатто моҳҳо суханронӣ намоянд, номи баду аъмоли нопоку фассоди онҳо, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари миллати тоҷик оварданд, боз ҳам муваффақ нахоҳанд гашт, зеро имрӯз симои разилонаи   онҳо ба  тамоми ҷаҳон муарифист.

Ин хоини миллат дар баромади хеш танҳо ба саволҳо ва пешниҳоди ҳамон муҳоҷироне посух медод, ки аз бесаводи гумроҳ гаштаву ба ақидаҳои аблаҳонаи ин хоинон  розӣ мебошанд. Вале он нафаре, ки бар зидди суханони онҳо гап мезанад ва аз дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ сухан меронад гӯш кардан намехоҳанд ва ҳатто ба занги он нафар ҷавоб намедиҳанд. Ба ақидаи ин касофатҳо гӯё танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷир ҳастанду халос ва муҳоҷир гуреза мебошад.

Дар асл муҳоҷирон гуреза нестанд. Имрӯз давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони тоҷик дар давлатҳои хориҷа, ба як чанд давлатҳои ҷаҳон, махсусан бо Федератсия Россия якқатор шартномаҳои байнидавлатӣ  ба имзо расонидааст. Вақте, ки Тоҷикистони азизи мо  Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард ва орзуи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик амалӣ гашт, ҳамин гуруҳҳои мухолифин, ба мисли ҲНИТ, созмонҳои “Растохез” ва “Лаъли Бадахшон” будед, ки оромиву сарҷамъии миллати тоҷик ва якпорчагии Тоҷикистони азизро нахоста, дар байни аҳоли бар зидди ҳукумат фитна ангехта, дар мамлакат ҷангӣ шаҳрвандиро ба амал овардед.

Маҳз дар солҳои 90-уми асри гузашта аъзоёни Ташкилоти терористи экстремистии мамнуъгаштаи собиқ ҲНИТ бо ҳамин роҳу усул дар масҷидҳо дар байни мардум фитна андохта мардумро бар зидди ҳукумати конститутсиони бароварданд, ки ин ба ҷанги шаҳрванди оварда расонид.

  Мақсади ин гуруҳҳои  терористӣ танҳо ғасби Ҳокимият асту бас. Боз дар андешаи қатли чанд нафар аз мардон, занон ё кудакон ҳастет? Ба андешаи худ “ғамхори миллат”-ед. Чӣ қадар ҷавононро гумроҳ намудед. Боз чӣ нақшаҳо доред.

Ман ҳамчун як ҷавони тоҷик дар мубориза бар зидди чунин созмонҳои терористию экстремистӣ бетараф набуда, ба ҳамсолон ва тамоми ҷавонони Тоҷикистон  ҳаминро гуфтани ҳастам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи давлату миллати тоҷикро ба ҷавонон бовар кардаанд, мо ҷавонон дар баробари чунин дастгириҳои Пешвои миллат, ки нисбат ба ҷавонон доранд,. зиракии сиёсиро аз даст надода ба ваъдаҳои дуруғи чунин созмонҳо дода нашуда, пайи ободию созандагии Ватани азиз бо иродаи комил ва дасту дили пок азм намоем.

Расулов Ғ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон