ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ЯКЕ АЗ НЕЪМАТҲОИ БЕБАҲОИ ТАЪРИХ БАРОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК  МЕБОШАД.

Ёвон: Андеша  

Таҷлили Рӯзи Ваҳдат  чун як санаи  сарнавиштсози миллату давлат, сабақи таърихиест, ки  наслҳои имрӯзу фардо дар кулвори зеҳну тафаккури худ бояд ҳифз кунанду аз он пуштибонӣ намоянд. Имрӯз замзамаи Ваҳдат  дар қалбу руҳу ҷонҳо бо оҳанги савганди вафодорӣ ба Ватан садо медиҳад.  Ин ҳадяи таърих ва тақдир буд, ки  миллатро аз хатари  нестӣ эмин дошт ва имрӯз роҳнамоест сӯи ояндасозиҳою шукуфтанҳо. Ваҳдат кафили рушду нумӯи кишвар, таҳкимбахши пояҳои  давлату давлатдорӣ, пойдории арзишҳо ва фарҳангу тамаддуни миллат аст.

Таърих гувоҳ аст, ки  мо борҳо аз санҷиши сангини сарнавишт гузашта фарҳангу тамаддуни худ, арзиш ва асолати миллиро аз даст надодаем. Баракс ҳама ихтилофҳо, набардҳо, нокомиҳо моро ба пирeзиҳо расондаанд ва охирин санҷиши  сарнавиштсоз  тавонист нақшаҳои  бадхоҳонро ботил созад ва моро ба Ваҳдат орад. Мо дар назди таърих аз имтиҳони  сангину вазнин гузаштаем ва номаи камоли давлату миллатро соҳиб шудаем. Пас ки ва чи боз метавонад моро аз ин Ваҳдат,  аз ин роҳи бесобиrаи фарҳанги сулҳ боздорад.

Дигар касе ва чизе намотавонад иродаву матонату шарофату рисолати  ин миллату давлатро бишканад, зеро рoҳи  мо роҳи Ваҳдат, Садоқат ва Муҳаббат ба ин ватану миллат аст.

Имрўз ин ҳама дастоварду пешрафти давлату миллати мо аз шарофати ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бе муҳобот дар ин самт мактаби сиёсии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бештари сиёсатмадорони  хориҷӣ, ки  мардуми кишварњояшон ташнаи сулҳу оромианд, мояи омӯзиш қарор гирифтааст.

Бо шарофати ваҳдати миллї  соњањои  варзишу сайёњї, маорифу тандурустї, фарњангу маданият низ рў ба пешравї нињодаанд.  Андешаи бунёди    дурахшони  Ватан њар як тољикистониро водор месозад, ки  дар њама гуна њолатњо аз рўи аќлу хирад, маърифати созанда амал намояд. Мо, ворисони Сомониёнро  зарур аст, ки занљири шўњрати наслњоро мустањкам кунем, дар заминаи  мероси  фарњангии гузаштагон бояд насли нави бунёдкорро тарбия намоем.

Ба андешаи банда, бањри сулњу субот, инкишофи љомеа, пойдории давлат, якдилии њама зинањои љомеа, дўстї, рафоќат, муњаббати самимї бо њамдигар дасту дили тоза доштан яке аз шартњои  муњимтарин мањсуб меёбад. 

Ободию осудагии Ватан ва зиндагии арзандаи мардум ба мењнати софдилона ва пурсамари њар яки мову шумо вобаста аст.

Зиндаву љовид бод  он ном ва корнамоињои  фарзандони асили  фардои  миллати тољик ва сиёсати пешгирифтаи абармарди дунёи сиёсат Эмомалї  Рањмон.

Расулов Ғолиб-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон