Нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон

Ёвон: Андеша  

Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш оид ба шоҳи одил Нўшервон ва вазири хирадманди ў Бузургмеҳр маълумот дода, дар абёти равоне мазмуни зеринро дарҷ кардааст: «Дарахте, ки дар ҷаҳон пойдор аст ва ҳосили он ҳамаро нофеъ бувад, дарахти хирад аст. Нахустин меваи ин дарахт дили инсон аст, ки шахсро ба олами нузҳату накўӣ ва бунёдкориву созандагӣ ҳидоят мекунад. Инсони хирадманд ба халқ хидмат карданро рисолати худ медонад, ки ин арзиши олӣ ва беҳамтост».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихие ҳастанд, ки барҳақ, дил ва шуурашон мамлўъ аз хирад аст. Хирадмандӣ, такя ба нерўи тавонои халқ, шуҷоату далерӣ, олиҳиммативу баландназарӣ ва дар айни замон фурўтанию хоксории ин фарзанди номдори халқ миллати соҳибдилеро ба худаш шиносонд ва Тоҷикистони моро ҳамчун давлати қудратманду сулҳпарвар ба аҳли олам муаррифӣ кард.

Вобаста ба ташаккули давлати навини тоҷикон андешаронӣ карда, мехоҳам нуқтаи муҳимеро ёдовар созам, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба бўҳрони шадид мувоҷеҳ шуда буд. Он замон мамлакат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари маҳв шудан ва аз харитаи ҷаҳон нест гардидани Тоҷикистон ҳақиқати воқеӣ гашта буд.

Дар он лаҳзаи ҳассос барои миллати тоҷик сарваре лозим буд, ки воқеан тафаккури миллӣ дошта бошад ва барои сулҳу Ваҳдат ҷони худро дареғ надорад.

Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад.

Иҷлосияи ХУ1-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби нерўҳои солимфикри ҷомеа баргузор гардид, имконият дод, ки Тоҷикистон соҳиби ҳукумати қонунӣ гардад ва тоҷикон роҳбари хешро интихоб намоянд.

Аввалин даъват дар нахустин рӯзҳои сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон оҳангу таровати миллӣ дошт. Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин қадамҳо тавонистанд, ки дар дили ҳазорҳо ҳамватанони муҳоҷир шуълаи умед бахшанд. Бо фарҳанги миллӣ давлат бунёд карданд, сулҳ офариданд, ваҳдати миллатро таъмин карданд ва баъд аз ҳазор соли давлатдории тоҷикон ба халқи тоҷик нерӯву тавони дубора бахшиданд.

Аз он давраи ҳассос ва тақдирсоз, ки Эмомалӣ Раҳмон сарварии ҷомеаро ба ўҳда доранд, бо равшанӣ маълум гашт, ки он кас дар сиёсат аз истеъдоди фитрӣ ва аз сифатҳои муҳими сиёсатмадори барҷаста бархўрдоранд. Ҳамин сифатҳои олии фитрӣ боис гаштанд, ки халқи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешво пазируфт.

Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқат ба халқу Ватан, сабру бурдборӣ, эҳсоси дарки авзоъ ва ташхиси иллатҳои он ва истеъдоди интихоби тадбирҳои муфиду муассир, ба вуҷуд овардани ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва дўстию бародарии кулли афроди Тоҷикистонро ҳадафи ҳамешагии хеш қарор додаанд. Он кас аз рўзҳои аввали ба мақоми сардори давлат интихоб шуданашон роҳи ҳалли ихтилоф дар ҷомеа ва ба вуҷуд овардани сулҳу салоҳ дар мамлакатро дар машварат ва гуфтушуниди мусолиҳатомези ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин медиданд ва барои амалӣ кардани ин нақшаҳо шахсан саъю талош меварзиданд.

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвари мо шахсияте ҳастанд, ки тавассути сиёсати дурбинонаи он кас давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ин ҳадяи таърих расидан, ба кору пайкори ватандӯстона ва қаҳрамононаи Президенти мардумии худ арҷ гузоштан, роҳу равиши он касро омӯхтан ва ҳамчун сармояи ибрат истифода бурдан ба нафъи ояндаи миллат аст.

 Раҳматуллоев Мақсудҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон