БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО ҶАВОНОНИ СИННИ ДАЪВАТӢ

Ёвон:  

Бо мақсади баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонони синни даъватӣ дар коллеҷу литсейҳои касбӣ-техникии ноҳия аз ҷониби гуруҳҳои корӣ бо маром идома дорад. Ин навбат аъзоёни гуруҳи корӣ дар коллеҷи тиббии ноҳия бо хатмкунандагони муассисаи мазкур, ки сини даъвати мебошанд суҳбату вохӯриҳо анҷом доданд. Дар вохӯрии мазкур роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон Файзализода Эмомалӣ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани ин вохӯрӣ пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҷалби ҷавонони ихтиёри ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоии мубрами рӯз ташкил медод.

Муовини раиси Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода оид  ба  тарғиби  дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи  марзу  буми  кишвар  ва  ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ  бо  иштирокчиён ибрози андеша кард. Аз ҷумла, зикр гардид, ки  ташаккули  маърифату  фарҳанги  сиёсии  мардум  бояд  дар  меҳвари  фаъолияти  ташкилотҳои  ҳизбии  мо  қарор  дошта  бошад.