СОКИНОН ДАР ТОЗАГИИ МАҲАЛЛИ ЗИСТ САҲМГУЗОР МЕБОШАНД.

Ёвон:  

Санаи 24 майи соли равон дар натиҷаи боришоти аз ҳад зиёди борон ва омадани сел дар баъзе аз кӯчаҳои марказии Ҷамоати шаҳраки Ёвон роҳҳои мошингард ва атрофи баъзе аз корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳияро лойиқа зер намуда буд. Субҳи барвақти санаи 27 майи соли равон ҳама корхонаҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон ба ҳашар баромада, барои рафти оқибатҳои офати табиӣ ҳашари дастаҷаъмона ташкил карда шуд.

Ин навбат сокинони маҳаллаи Одинаеви Ҷамоати шаҳраки Ёвон ба ҳашар баромада, назди хонаҳои истқоматӣ ва роҳравҳои ҳудуди маҳалларо тоза намуданд.