ҶАВОНОН НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА МЕБОШАНД.

Ёвон: Созандагони ватан  

Санаи 24 майи соли равон дар натиҷаи боришоти аз ҳад зиёди борон ва омадани сел дар баъзе аз кӯчаҳои марказии Ҷамоати шаҳраки Ёвон роҳҳои мошингард ва атрофи баъзе аз корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳияро лойиқа зер намуда буд. Субҳи барвақти санаи 27 майи соли равон ҳама корхонаҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон ба ҳашар баромада, барои рафти оқибатҳои офати табиӣ ҳашари дастаҷаъмона ташкил карда шуд.

Ин навбат аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и  назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар қатори дигар аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ба ҳашар баромада, дар якҷоягӣ бо кормандони ниҳоди ноҳиявии ҳизб кучаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ёвонро ки дар натиҷаи омадани сел зарар дида буд тоза намуда саҳми худро дар тозагии маҳал гузоштанд.