ТОЗА НАМУДАНИ АТРОФИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 24 майи соли равон дар натиҷаи боришоти аз ҳад зиёди борон ва омадани сел дар баъзе аз кучаҳои марказии Ҷамоати шаҳраки Ёвон роҳҳои мошингард ва атрофи баъзе аз корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳияро лойиқа зер намуда буд. Субҳи барвақти санаи 27 майи соли равон ҳама корхонаҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон ба шанбегии умуминоҳиявӣ  баромада, барои рафти оқибатҳои офати табии ҳашари дастаҷаъмона ташкил карда шуд.

Ин навбат кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо як ҳиси баланди ватандӯстӣ якдилони ба ҳашар баромада, атрофи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияро  аз лойиқа тоза намуданд.