БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МАКТАБИ МАН ДАР МТМУ №82

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар воқеъ илму маориф ягона самти афзалиятноки рушд додани ҷомеа ва ба ҳамин васила расидан ба ҳадафҳои неки инсониву фатҳи қуллаҳои эҷодист.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №82 бо иштироки роҳбарият ва омӯзгорони ботаҷриба ва собиқ хатмкунандагони муассисаи мазкур амалиёти Мактаби ман баргузор гардид.  Дар баргузории мактаби ман аз ҷониби раиси ноҳия ва шахсони соҳибтаҷрибаи маҳал оиди ба баррасӣ намудани Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,   мавзӯъҳои «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон» ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон ва бо кор таъмин намудани мутахассисони оянда буд.

Дар ҷараёни рафти чорабинӣ нотиқон аҳли иштирокдорон таъкид намуданд, ки ояндаи ободи диёр аз донишу малака ва ҳисси ватандӯстии насли наврас вобастагии амиқ дорад. Бинобар ҳамин, зарур аст, ки наврасону ҷавонони имрӯза ҳамчун мутахассисони оянда ва муаррифгари давлату миллати худ бояд дар иҷрои вазифаҳояшон масъулиятпазир бошанд. Бо ин мақсад мо волидайн ва собиқ хатмкунандагони ин боргоҳи таълимиро лозим меояд, ки барои беҳтару хубтар гардидани шароити илмомӯзии хонандагони муассисаамон аз тамоми имкониятҳо истифода намоем.