СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №12

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соати сиёсӣ иқдоми навбатии ҳизбиён аст, ки дар як муддати кутоҳ дар сатҳи маҳал ҳамовозии зиёд пайдо наумдааст. Дар МТМУ  №12-и ноҳия  низ “Соати сиёсӣ” бо тартиби муайян ва тибқи нақшаи Амалиёти муштарак доир карда шуд. 

Соати сиёсиро дар муассисаи мазкур, омӯзгорону собиқадорони соҳаи маориф пеш бурда,  атрофии   ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ба баррасӣ намудани Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»,   мавзӯъҳои «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон» ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, ёдоварӣ намуданд, ки “Соатҳои сиёсӣ” бобати баланд бардоштани дарки сиёсии наврасону ҷавонон шоиста аст.

Иштирокдорони соати сиёсӣ аз баргузории як соати озоду ошкоро он ҳам дар фазои сулҳу ваҳдат изҳори хушнудӣ намуданд.