АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МТМУ №10

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27 майи  соли равон дар доираи иқдоми навбатии ҳизбиён дар самти  татбиқи Амалиёти нави як Соати сиёсӣ дар   МТМУ №10-и ноҳия «Соати сиёсӣ» баргузор гардид.

Соати сиёсиро омӯзгорони варзида пеш бурданд. Омӯзгорон дар як соати сиёсӣ роҷеъ ба ба баррасӣ намудани Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», мавзӯъҳои «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон» ва татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, раисидан ба қадри арзишҳои миллӣ аз ҷумла Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон андешаронӣ намуданд.

Дар воқеъ баргузории соатҳои сиёсӣ ба иродаву мафкураи наврасону ҷавонон ҳисси ватандорӣ бедор намуда, барои тарбияи онҳо дар руҳияи хештаншиносӣ роҳнамоӣ менамояд.