ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД.

Ёвон: Созандагони ватан  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил карда мешавад  дар толори бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон суҳбату вохӯриҳо бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” анҷом дода шуд.

Мақсад аз баргузор намудани ин вохӯрӣ пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҷалби ҷавонони ихтиёри ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоии мубрами рӯз ташкил медод.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода  оид  ба  тарғиби  дастовардҳои  даврони  Истиқлол, ҳифзи   марзу   буми   кишвар  ва  ҳимояи манфиатҳои  миллӣ  бо  иштирокчиён  ибрози  андеша  кард.  Аз  ҷумла, зикр гардид, ки   ташаккули   маърифату   фарҳанги   сиёсии   мардум  бояд  дар  меҳвари  фаъолияти  ташкилотҳои  ҳизбии мо қарор дошта бошад.