ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРОН ДАР КОРҲОИ ҶАМЪИЯТӢ НАЗАРРАС МЕБОШАД

Ёвон: Созандагони ватан  

Санаи 24 майи соли равон дар натиҷаи боришоти аз ҳад зиёди борон ва омадани сел дар баъзе аз кучаҳои марказии Ҷамоати шаҳраки Ёвон роҳҳои мошингард ва атрофи баъзе аз корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳияро лойиқа зер намуда буд. Субҳи барвақти санаи 25 майи соли равон ҳама корхонаҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон ба ҳашар баромада, барои рафти оқибатҳои офати табии ҳашари дастаҷаъмона ташкил карда шуд.

Ин навбат гурӯҳи волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ давр ноҳия дар қатори дигар аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ба ҳашар баромада, ҷойҳои зарардида аз офати тибии сел, ки дар натиҷа лойиқа омада буд роҳҳои мошингарди ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвонро тоза намуданд.